Тақлиди ноогоҳона ва кӯркӯронаро ба урфу одатҳои бегона бояд аз байн барем!

Июль 19, 2017 12:02

 ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба тавзеҳи  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷамъомад баргузор намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз намудани манфиатҳои миллию давлатӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии   сокинони кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатии мардум,  таъмин намудани рушди босуботи кишвар   ҳадафҳои асосии фаъолияти худ қарор додааст.

Муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров роҷеъ ба  мафҳум, пайдоиш, моҳият, принсипи дар амал татбиқ намудани он ва ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда,  иброз намуд, ки барои ба танзим даровардани расму оинҳои миллӣ мо бояд қолабшиканӣ кунем, то ба ҷои урфу одатҳо ва шабоҳатҳои нодурусти қабулшудаи давраҳои қадим анъанаҳои миллии худи мо   эҳё ва роҳандозӣ карда шаванд.

Дар идома ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (Абу-ҳанифа) Тоҷиддин Ассомуддинзода оид ба бегонапарастӣ ва пӯшидани сару либоси ғайримиллӣ зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир барои ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ҳуҷумҳои фарҳангӣ ва эътиқодӣ низ истифода бурда мешаванд. Номбурда ҳамчунин оид ба масъалаи сатру ҳиҷобпушии занҳо ва риши дароз мондани ҷавонон, умуман тақлиди кӯркӯрона аз фарҳанги бегона рӯшанӣ андохт.

Судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сафар Нурализода дар мавзӯи «Омилҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон» ва пешгирии ҳолатҳои шаҳрвандӣ барои барқарор намудан ва ба оилаи солим табдил додани он ибрози андеша намуд.

 

Июль 19, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд