ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 22 июл, шанбе, 203-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 162 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 22, 2017 10:34

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

22 июли соли 2006 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуда буданд. Зимни вохӯрӣ Владимир Путин ба нақши Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар муттаҳидсозии мавқеи ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаллу фасли масоили дорои аҳамияти зиёди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баҳои баланд дода буд.

***

9 сол пеш, 22 июли соли 2008 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» суҳбат ороста буданд, ки дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳо зоҳир карда шуд.

 ***

 22 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор иншооти нав ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳри Турсунзода сафар карданд. Дар деҳаи Галаботури ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти  мамлакат мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №73 ифтитоҳ ёфта буд.

***

22 июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифта буд, масъалаи вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои ин офатҳои табиӣ, ки  дар он рӯзҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар зада, боиси хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ гардидан, баррасӣ шуданд.

22 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Озарбойҷон – Рӯзи матбуоти миллӣ.

***

 Дар Свазиленд – Рӯзи ҷомеа.

РӮЙДОДҲО:

22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ Қонун «Дар бораи забон»- ро қабул намуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1927 дар Италия клуби футболи «Рома» таъсис ёфтааст.

***

Инчунин 22 июли соли 1942 хориҷ намудани яҳудиён ба лагерҳои консентратсионии Варшава оғоз гардидааст.

***

71 сол муқаддам,  22 июли соли 1946 дар Британия лимити додани нон роҳандозӣ гардидааст.

***

22 июли соли 1952 Ҷумҳурии Халқии Полша Конститутсияи худро қабул намудааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1894 аввалин маротиба дар шаҳри Париж – пойтахти Франсия    миёни мошинҳо сабқат баргузор гардидааст.

***

Соли 1998 тими ИМА рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштааст: варзишгарони амрикоӣ масофаи  400 метрро дар давоми  2 дақиқаю 54,2 сония паси сар намуданд.

 

Июль 22, 2017 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш