ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 июл, душанбе, 205-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 160 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 24, 2017 11:36

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

24 июли соли 2010 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Авруосиё маросими баимзорасии  Созишнома дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди Авруосиё бо маблағи 70 миллион доллари америкоӣ баргузор гардида буд.

***

4 сол пеш, 24 июли соли 2013 Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Тайланд бо қароргоҳ дар шаҳри Остона Чан Ҷулламонаро дар робита ба қабул намудани нусхаи Эътимодномааш ба ҳузур пазируфта буд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ гуфтугӯи судманд анҷом додаанд.

 ***

Инчунин 24 июли соли 2014 Вазири вақти рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқул Амонлиевро ба ҳузур пазируфтааст. Ҷонибҳо масоили гуногуни ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди гардиши мол байни давлатҳо, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои дуҷониба, аз ҷумла сохтмони Роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

24 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Вануата – Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Россия- Рӯзи муҳандиси кадастрӣ.

 РӮЙДОДҲО:

24 июли соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Об, беҳдошт ва тозагӣ» мизи мудаввар доир гардид.

***

24 июли соли 1851  дар Британия ситонидани андоз аз тиреза манъ карда шуд.

***

Ҳамчунин 24 июли соли 1908 дар Туркия Конститутсияи дар соли 1876 қабулшуда ба ҳукми қонунӣ даромада, дубора фаъол гардид.

***

Тақрибан як аср қабл, 24 июли соли 1915 дар метрои Ню-Йорк аз ҷониби америкоиҳо дипломати директори шуъбаи тарғиботии Сафорати Германия дар ИМА пайдо карда шуд.

***

24 июли соли 1923 дар конференсияи Лозан Эъломия оид ба меъёри гулӯгоҳ қабул карда шуд.

***

24 июли соли 1956 шаҳри физикҳо— Дубна таъсис дода шуд.

 Ҳамчунин дар ин рӯз…

 

1870 с. –дар Ню-Йорк аввалин қатораи трансконтиненталӣ аз Сан-Франсиско ворид шуд.

***

1926 с. – дар Англия нахустин майдон барои дави сагҳо кушода шуд.

 

 

 

Июль 24, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш