ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 25 июл, сешанбе, 206-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 159 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 25, 2017 09:06

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

25 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои муҳиму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расониданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз зумраи онҳо мебошад.

***

25 июли соли 2008 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд. Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шавад.

***

Инчунин 25 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, Вазири молияи Туркманистон Давлаткелдӣ Содиковро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуда буд.

25 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.

***

Дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ.

 РӮЙДОДҲО:

25 июли соли  2009  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо иштироки намояндагони кишварҳои  Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  ҷашнвораи фарҳангӣ-экологии «Боми ҷаҳон» баргузор гардид.

***

25 июли соли 1924  аз Юнон 50 ҳазор арманӣ хориҷ карда шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1947 дар Прага аввалин фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 кишвари дунё иштирок намуданд.

***

42 сол муқаддам, 25 июли соли 1975 Туркия барои бастани пойгоҳҳои ҳарбии Америка қарор баровард.

***

Инчунин 25 июли соли 1992 бозиҳои тобистонаи олимпии XXV дар Барселона оғоз гардиданд.

***

25 июли соли 2002  дар Хитой жола  боридааст, ки ҳаҷмаш ба тухми мурғ баробар буд.

 ҲАМЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965  дар фестивали фолклор дар шаҳри Нюпорти Род-Айленд Боб Дилан аввалин маротиба дар саҳна бо гитари барқӣ ҳунарнамоӣ карда буд.

***

Соли 1984 аввалин зани кайҳоннавард Светлана Савитская ба кайҳон баромадааст.

 

 

 

Июль 25, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш