ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 26 июл, чоршанбе, 207-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 158 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 26, 2017 08:15

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

26 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон сафар карданд. Дар он ҷо бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 900 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт, ки он бо маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд гардид.

***

 26 июли соли 2012 дар  шаҳри Душанбе Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набилро, ки бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии кишварашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир баррасӣ шуда буд.

***

4 сол пеш, 26 июли соли 2013 Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки  Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул карда, Маҷлиси миллӣ  ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ» аз зумраи онҳо мебошанд.

26 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар тамоми ҷаҳон – Рӯзи забони ғайриоддӣ –эсперанто.

***

Дар Мадагаскар, Либерия ва Куба — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Россия — Рӯзи парашютчиён.

РӮЙДОДҲО:

26 июли соли 2012 ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим оид ба вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахбор доданд.

***

229 сол муқаддам, 26 июли соли 1788 Ню Йорк Иёлоти 11- уми ИМА эътироф гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1906 дар ИМА Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис ёфтааст.

 ***

Инчунин 26 июли соли 1913 Ҳукумати Австрия Конститутсияи Богемро бекор намуд.

***

26 июли соли 1966  дар Хитой ҳамаи мактабҳо бо сабаби сафарбаркунии мактаббачагон ва донишҷӯён ба «инқилоби фарҳангӣ» баста шуданд.

ҲАМЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1858  Барон Ротшилд аввалин яҳудие буд, ки дар парлумони Англия ба сифати аъзо қабул шуд.

***

Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин кишвар ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

 

 

Июль 26, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш