«Тоҷикматлубот» дар Душанбе барои нигоҳдории 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ анбор бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 / АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маводи озуқа ва пешгирии болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар шаҳри Душанбе мунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев имрӯз, 20 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда иброз дошт: «Дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо мошинҳои махсуси боркашонӣ ҳамарӯза савдои сайёри маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои дигар маводи ғизоӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин бо мақсади дар фасли тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ояндаи наздик бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои нигоҳдории 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои талаботи аввалиндараҷа як анбор сохта ба истифода дода мешавад».
Тавре маълум аст, тайи чанд моҳи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе майдончаҳои нави варзишӣ ва бозии кӯдакона ба таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки барои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин маврид Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иброз намуд: «Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар маҳаллаи «Сабзазор»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кўдаконро ба анҷом расонидааст, ки 22 июл ба истифода дода мешавад».
Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин бо ҷойи кори шоиста ва доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат мебошад. Дар ин самт Сарвари давлат пайваста ба масъулини соҳаҳои мухталифи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
«Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ барои 72 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуд. Инчунин донишҷӯёне, ки барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба «Тоҷикматлубот» меоянд, пас аз итмоми таҷрибаомӯзӣ бо хоҳиши худ ба кор ҷалб карда мешаванд, ки ин раванд дар Соли ҷавонон имконияти хубе барои онҳо хоҳад буд»,- иброз дошт Ҳусайн Идиев.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






