Варзишгарони тоҷик дар 6 моҳ 158 медал ба даст овардаанд

Июль 14, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи аввали соли 2017 дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон соҳаи сайёҳӣ 13615 чорабинӣ бо фарогирии 3 миллиону 901 ҳазору 436 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 қариб  1,7 маротиба зиёд)   баргузор намудааст.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, 13 июл, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки бо мақсади таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давраи ҳисоботӣ бо маблағгузории Кумита 223 нафар варзишгар, аз ҷумла 26 бону ба 23 чорабинӣ, бо харҷи 666 246 сомонӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 158 медал, аз ҷумла 46 тилло, 41 нуқра ва 71 биринҷӣ ворид намуданд.

Гуфта шуд, ки Кумита дар якҷоягӣ бо сохтору ташкилотҳои системаи худ дар маҷмуъ то ба имрӯз 8944 чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, конфронсу форумҳо, ҳамоишу аксияҳо ва мулоқоту вохӯриҳоро  баргузор намуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 маротиба зиёд мебошад. Ба  чорабиниҳои зикршуда дар маҷмуъ 2873313 нафар ҷавонон  фаро гирифта шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 маротиба зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба дастовардҳои варзишгарон дар нимсолаи якуми соли 2017 Комиссияи унвондиҳии Кумита 1 маротиба моҳи май 99 ҳуҷҷатро, ки барои гирифтани унвони варзишӣ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа ба 11 нафар унвони  «Номзад ба  Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 71 нафар унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 5 нафар унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» ва ба 1 нафар унвони «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.

Июль 14, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд