10 август-Рӯзи варзишгарон: бори аввал дар таърихи Тоҷикистон омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио 4 сол қабл шурӯъ гардид

Август 10, 2017 11:50

Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари кишвар Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ шурӯъ аз соати 6:30 то 17:00 дар қаламрави кишвар  силсилабарномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқотҳо бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифат, аз лиҳози ҷисмониву рӯҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, мушкилнописанд, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои ҳар як кишвари ҷаҳон муҳиму зарурӣ ба шумор мераванд. Зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз ин насли ҷавону умедбахш вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳукумати кишвар ин нуктаро ба инобат гирифта, варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ва яке аз ин гуна тадбирҳо ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи варзишгарон ба ҳисоб меравад, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад.

Варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст. Рӯй овардани ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ, варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон ба ҳамдигар, муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон буда, варзишгарон беҳтарин муаррифу номбардор ва парчамбардорони кишвар ба шумор мераванд. «Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.  Намунаи беҳтарини он соли 2016 аз ҷониби гурзандози машҳурамон Дилшод Назаров ба даст омадани медали тиллои олимпӣ дар  Рио –де–Жанейрои Бразилия шуда метавонад»,-зикр намуд Умаралӣ Сафаралӣ.

Ба иттилои ин масъули Кумитаи олимпӣ, имсол дар соли нахустини давраи олимпии солҳои 2017-2020 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Аз ҷумла, бори дуюм ба даст овардани медали тилло аз ҷониби варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, медали биринҷии Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, медали биринҷии Бахтовар Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба  гӯштини юнонӣ-румӣ  аз дастовардҳои  арзандаиварзишгарони тоҷик ба шумор мераванд.  Мавсуф аз оғози омодагии варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020, ки дар шаҳри Токиои Япония баргузор мегарданд, хабар дода, зикр намуд, ки «бори аввал дар таърихи Тоҷикистон омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020  чор  сол қабл шурӯъ гардид. Вобаста ба ин бо фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки 3 августи соли ҷорӣ дар арафаи Рӯзи варзишгарон аввалин ҷаласаи худро доир кард. Умед мекунем, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио варзишгарони мо парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, бо ҷойҳои намоён ва сари баланд ба Ватан бармегарданд».

Дар шароити имрӯзаи рушд ва татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим қарор дорад, ба варзиш рӯ овардани мардум, бахусус наврасону ҷавонон боиси хушнудист. Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба солимӣ ва осоишу оромии инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои гуногуни сирояткунанда, нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои номатлуб таҳдид мекунанд, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарини пешгирикунанда мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН

Август 10, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд