ҒАЛАБА МУБОРАК! Чор тӯби беҷавоби «Истиқлол” ба дарвозаи «Серес Негрос»-и Филиппин
ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар бозии аввали даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё /AFC/ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 13 ҳазору 800 тамошобин дастаи «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум бо зарбаи ҷаримавии 11-метра боз кард. Голҳои баъдиро бародарон Ромиш ва Манучеҳр Ҷалиловҳо ба дарвозаи меҳмонон заданд.
Дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Александр Стетсенко, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Артем Барановский, Ромиш Ҷалилов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+3), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 79), Манучеҳр Ҷалилов бозӣ карданд.
Дастаи «Серес Негрос» бо ҳайати Роланд Муллер, Кота Кавасе, Кевин Ингресо, Биенвенидо Марааон, Мануэл Отт, Ҷозе Елмер Портериа (Фернандо Родригес, 65), Иаян Рэмзи, Стефан Маркус Шрок, Карлос Де Мурга, Ҷуниор Муноз, Ҷефри Кристианс ба майдон баромад.
Зимни бозӣ Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Стефан Маркус Шрок, Биенвенидо Марааон («Серес Негрос») огоҳӣ гирифтанд.
Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин баргузор мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






