Фаррух Амонатов ғолиби «Остона Опен»-2017 гардид

Август 1, 2017 14:28

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷашнвораи байналмилалии шоҳмот бо унвони «Остона Опен»- 2017 баргузор шуд. Дар доираи ин ҷашнвора ҳамчунин мусобиқаҳои байналмилалии шоҳмот низ диор гардиданд.  Дар қатори беш аз 300 нафар шоҳмотбозони қавӣ аз 13 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон бузургустоди шоҳмот (гроссмейстер) Фаррух Амонатов низ иштирок дошт.

Тавре  котиби генералии  Федератсияи  шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Юнусов ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин мусобиқа Александр Раҳмонов- бузургустоди шоҳмот (гроссмейстер) аз Федератсияи Россия довталаби асосии ғолибият дониста мешуд. Иштирокчӣ аз Тоҷикистон Фаррух Амонатов дар мусобиқаҳои шоҳмоти классикӣ ба рақобат пардохта, дар 9 даври мусобиқа 7,5 имтиёз ба даст овард ва тавонист бидуни шикаст ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмоти «Остона Опен»- 2017 гардад.

Ёдовар мешавем, ки Фаррух Амонатов соли 1992 чемпиони Осиё миёни ҷавонон шуда, аз соли 1996 то соли 2014 узви ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд. Фаррух Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия  умр ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Август 1, 2017 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд