«Хуҷанд» бар дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ғалаба кард

Август 1, 2017 11:47

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи бозиҳои даври 14-уми қисми дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ  дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бо дастаи   «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор қувва озмуда, бо ҳисоби калони  7:0  ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон ба дарвозаи   «Ҳосилот»   7 голи беҷавоб заданд.  Аз ҳайати дастаи ғолиб Давронҷон Тухтасунов ду гол зад.  Ҳамчунин Манучеҳр Аҳмадов, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров, Эҳсон Бобоев ва бозингари нави дастаи  «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев як голӣ заданд.
Пас аз пирӯзии навбатӣ дастаи футболи  «Хуҷанд» 24 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали умумии мусобиқа мавқеи худро дар зинаи 2-юм устувор сохт. Ҳафтаи оянда бо баргузории даври 15-уми Чемпионати  мамлакат баъзе аз бозиҳо   3 август   оғоз ёфта, дастаҳои «Истиқлол» бо «Вахш» ва «Регар ТадАЗ» бо «Барқчӣ» қувваозмоӣ  мекунанд. Дар ду бозии боқимондаи даври мазкур дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор  бо  дастаи «КМВА Помир»   ва «Хуҷанд» бо «Панҷшер» бо ҳам  вомехӯранд.

Август 1, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд