Ҷилавгирӣ аз кӯшиши интиқоли 2,6 ҳазор кг оҳанпора ба Афғонистон аз сӯи гумрукчиён

Август 4, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 04.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон аз интиқоли ғайриқонунии 2,6 ҳазор кг оҳанпора ба Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки ин миқдор оҳанпора зимни гузаронидани муоинаи гумрукии ду воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «МАN», рақамҳои қайди давлатиашон ТҶ 24 76 ЕЕ 01 ва ТҶ 83 06 СТ 01, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон Ҳ.Н., ва Афғонистон Ҳ.С., идора мегардиданд, аз зери халтаҳои семент дарёфт гардидааст. Номбурдаҳо мехостанд бидуни назорати гумрукӣ 2,6 ҳазор кг оҳанпораҳоро  аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол диҳанд.

Нисбат ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Ҷайҳун ирсол гардидаанд.

Август 4, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ