Мақоми 7-уми Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон

Август 14, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи  Тоҷикистон, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, қувваозмоӣ дар Варзишгоҳи олимпии Лондон  миёни 12 нафар гурзпартои беҳтарини ҷаҳон баргузор шуд. Дилшод Назаров ин навбат гурзро ба масофаи 77,22 метр ҳаво дод. Тавре интизор мерафт, Павел Файдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 79.81 метр чемпиони ҷаҳон шуд. Мақоми дуюмро варзишгари Россия Валерий Пронкин бо натиҷаи 78.16 метр ва ҷои сеюмро варзишгари дигари Лаҳистон Войсех Новиски бо натиҷаи 78.03 сазовор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров соли 2015 бо натиҷаи 78,55 метр медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо натиҷаи 78,68 метр медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва моҳи июли имсол дар шаҳри  Бҳубанешвари Ҳиндустон медали тиллои чемпионати Осиёро ба даст овардааст.

Август 14, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд