Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов бо унвони чемпиони ҷаҳон ва камарбанди WBB ба Ватан баргашт!

Август 3, 2017 08:55

ДУШАНБЕ, 03.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов баъд аз дарёфти унвони  чемпиони ҷаҳон аз ИМА бо камарбанди WBB ба Ватан баргашт. Ӯ, ки чанде пеш ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB (“World Boxing Board”)  дар бокси касбӣ мушарраф гардида буд, ба Ватан баргашт.

Истиқболи Меҳрубон Сангинов дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд,  Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси касбӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ  ба унвони чемпиони ҷаҳон   оид ба бокси касбӣ дар вазни 76,2 кило аз рӯи равияи WBB  шарафёб гардид.

Ин қувваозмоӣ  22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи ИМА баргузор шуда буд.   Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.

То ин мусобиқа варзишгари  амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони  чемпиони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB буд. Тавре Меҳрубон Сангинов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, дар ин ғалабаи ӯ  саҳми мураббиаш мутахассиси қазоқ Сагатбек Мӯсохонов ва   аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов калон  аст.

Қобили зикр аст, ки ғалабаи Меҳрубон Сангинов аввалин чунин дастоварди бузург дар таърихи риштаи бокс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тавре  Меҳрубон Сангинов иброз намуд, ӯ аз ин ба баъд низ талош хоҳад варзид, то ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтар дастёб гардад.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ»  таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон оид ба бокс, Устоди варзиши СССР Парвиз Аҳмедов фаъолият менамояд.

Аз соли 2014 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Меҳрубон Сангинов аз сини 12-солагӣ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Феълан М. Сангинов  дар яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон дар риштаи ҳуқуқ таҳсил менамояд ва муваққатан дар он ҷо зиндагӣ дошта, бо Федерацияи бокси касбии Қазоқистон ҳамкорӣ ва зери роҳбарии  Мураббии шоистаи Қазоқистон Сагатбек Мӯсахонов машқу тамрин менамояд.

Падараш Маҳмуд Сангинов  намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато мебошад.

Мехрубон Сангиноа аэропорт-2Мехрубон Сангинов аэропорт-3Мехрубон Сангинов аэропорт-0

Август 3, 2017 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд