Мусобиқаи варзишӣ ба ифтихори иди касбии кормандони тиб

Август 9, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе мусобиқаи панҷуми  волейбол  байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар  ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.

Тавре манбаъ иттилоъ дод, мусобиқа бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Соли ҷавонон гузаронида мешавад. Он ҳамчунин ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Зикр гардид, ки   айни замон мусобиқаи футбол миёни кормандони ин ниҳод ҷараён дошта, даври ҷамъбасти умумии  мусобиқот 18 август, дар рӯзи таҷлили иди касбии табибон  баргузор мешавад.

 

Август 9, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд