Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ барои ҳамкорӣ дар пешбурди низоми бонкӣ омода аст
ДУШАНБЕ, 08.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи ҷории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ имрӯз зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Осиёи Марказӣ Питер Фернандес Карди баррасӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев намояндаи Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабирро ба ҳамкории самараноки мутақобила даъват намуда, иброз дошт, ки «низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ва пешниҳоди кумакҳои техникии навбатӣ ва истифодаи таҷриба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, сиёсати монетарӣ, назорати бонкӣ, суботи молиявӣ ва бахши суғурта ниёз дорад».
Директори DFID Питер Фернандес Карди изҳор дошт, ки Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ омода аст дар пешбурди низоми бонкӣ ҳамкории судмандро тавсеа бахшад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Дар ҷараёни мулоқот Ҷ. Нуралиев аз Директори DFID Питер Фернандес Карди даъват намуд, ки барои оғози фаъолияти бонкҳои Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






