Қонуни танзим манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишварро ҳимоя мекунад

Август 5, 2017 12:33

ХУҶАНД, 05.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Соли равон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Бояд гуфт, ки қонуни мазкур дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, он дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Имрӯзҳо мардуми саросари кишвар моҳияти қонуни мазкурро дарк намуда, дар амалишавии он саҳмгузорӣ менамоянд.

Муҳсин Миркамолов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  роҷеъ ба хусусиятҳои риоя ва татбиқи талаботи қонуни мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки «анъана ва расму оинҳо аз ниёгонамон ба мо расида, риоя ва эҳтироми он қарзи  наслҳои имрӯзу баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Тавре шоҳидем, тайи чанд соли пеш аз ҳад зиёд сермасраф гузаронидани ҷашну маъракаҳо ба мардуми кишвар бори гарон меоварданд. Пас аз қабули қонуни мазкур хароҷоти сокинони Хуҷандшаҳр дар маъракаҳои тӯю дафнӣ давоми ин солҳо наздик ба 1,5 баробар кам гардид. Зимни суҳбату вохӯриҳо бо сокинони Хуҷандшаҳр аён мегардад, ки аҳолӣ аз қабули ин қонун пуштибонӣ мекунанд. Мисоли равшан он аст, ки шумораи баргузории тӯю маъракаҳо зиёд ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби сокинон кам гардида истодааст».

Давоми шашмоҳаи аввали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд 933 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 442 адад тӯи арӯсию домодӣ, 351 адад хатнасур, 98 адад маъракаи чил ва 46 адад маъракаи сол ба ҳисоб мераванд. Мардум имрӯз он маблағеро, ки аз маъракаҳои нолозим пасандоз кардаанд, баҳри ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон, табобату истироҳати аҳли оила ва зарурати дигари рӯзгор масраф менамоянд.

Ҳамзамон дар ин самт камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти маҳаллии шаҳрӣ дар раванди баргузории маъракаҳо 56 санҷиш гузаронида (2016-49),  8 ҳолати қонунвайронкунии баргузории маъракаҳо ба қайд гирифта шуд. Нисбат ба шахсони вайронкунандаи ҳуқуқ бинобар вайрон намудани талаботи қонун, аз ҷумла моддаҳои 10 ва 13, маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳрӣ ирсол карда шуданд.

 

Август 5, 2017 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд