Қонуни танзим: ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо кам гардид
ДУШАНБЕ, 8.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки он барои танзими ҷашну маросимҳо хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Тавре аз Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо мақсади шунидани таклифу пешниҳод оид ба тағйиру иловаҳо ба қонуни номбурда дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки мудирони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва имомхатибони масҷидҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳамоиш баргузор гардид.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар ҳамоиш гуфт: «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯли 10 соли амалаш имконият дод, то бисёр мушкилиҳо дар миёни аҳолӣ ҳал гардида, сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар ва хароҷоти зиёдатӣ ва ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо кам шаванд».
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.