Раиси Суди шаҳри Ваҳдат: «Шаҳрвандон механизми иҷрои қонуни танзим ва оқибатҳои риоя накардани талаботи онро дуруст дарк накардаанд»

Август 22, 2017 09:54

ВАҲДАТ, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат дар шашмоҳаи аввали  соли равон 18 адад парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани  талаботи моддаҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи шаҳрвандонро дар судҳои сайёри  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр баррасӣ карда, қарорҳои қонунӣ ва ҷазоҳои сазовор таъйин намудааст. Парвандаҳои мазкур дар соли 2016  13 ададро ташкил доданд, вале дар шаш моҳи соли 2017  панҷ адад зиёд гардидаанд. Қисми зиёди ин парвандаҳо бо сабаби риоя накардани  талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушода шудаанд.

Раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки  «дар натиҷаи таҳлилҳои судӣ муайян гардид, ки шаҳрвандон механизми иҷрои қонуни мазкур ва оқибатҳои риоя накардани талаботи  қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро то ба ҳол дуруст дарк накардаанд. Онҳо махсусан дар риояи талаботи моддаи 10-и қонуни мазкур саҳлангорӣ мекунанд ва дар охир ба супоридани ҷаримаҳои пулӣ маҷбур мешаванд. Ба ин хотир ҳуқуқшиносонро  зарур аст, ки барои оммафаҳм гардидани моддаҳои қонуни мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма сухан гуфта, ин моддаҳоро ба таври сода ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ фаҳмонанд, то дар оянда сокинони ҷумҳурӣ ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд».
Сокини шаҳри Ваҳдат Аслам Аюбов дар ин маврид гуфт:  «Мо намедонем зиёфат гуфта, чиро дар назар доранд, ба зиёфат  чанд навъ хӯрок дохил мешавад, зиёфат аз ҷониби кӣ- тарафи арӯс ё домод  дода мешавад.  3 соат вақти муайянгардида барои додани оши наҳор аст ё барои барпо кардани базми арӯсию домодӣ? Аз ин лиҳоз аз шахсони мутасаддӣ хоҳиш менамоем,  ки ҳангоми даровардани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур талабот ва механизми иҷрои моддаҳои онро пурра ва бо нозукиҳояш  муайян намоянд, то ба сокинони кишвар фаҳмо бошад ва донанд, ки тӯю маъракаҳояшон ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ ҳаст ё не?».

 

Август 22, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд