«Сапеда» ва «Рассомони наврас». Фестивали эҷодиёти наврасону ҷавонон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон Фестивали эҷодиёти бадеии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Сапеда» ва «Рассомони наврас» дар тамоми қаламрави мамлакат баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивали мазкур дар се давр гузаронида мешавад.
Даври аввал то 25 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм то 5 октябр дар қаламрави мамлакат ва даври сеюм 28 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нав-овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи суннатҳои миллӣ, истифодаи беҳтарин анъанаҳои миллии санъати тоҷик барои такмили равияи муосир ва дар ин замина аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун кишвари соҳибтамаддун шинохтани Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






