«Сарфаи оқилона асоси ғанигардонии буҷаи оила аст»-ҷонибдории сокинони Хуҷанд аз лоиҳаи пешниҳодшудаи тағйироту иловаҳо ба қонуни танзим

Август 22, 2017 16:28

ХУҶАНД, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар доираи баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни табақаҳои гуногуни ҷомеа суҳбату мулоқотҳои судманд ҷараён доранд. Сокинони гуногункасби шаҳри Хуҷанд низ ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар зер андешаҳои чанд тан аз сокинонро меоварем, ки аз қабули ин қонун ва танзими расму оин пуштибонӣ мекунанд.

 

Султонов ИлхомИлҳом Султонов, мудири маорифи шаҳри Хучанд: «Моҳи июни соли равон ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки лоиҳаи он аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд,  расо 10 сол пур шуд. Қонуни мазкур дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, он дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардида буд.

Қабули ин Қонун дар он солҳои шиддати ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ аҳамияти калон дошт, бахусус дар самти ҳифзи манфиатҳои мардуми кишвар ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат. Тавре дар моддаи 1 қонуни  номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои  гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст».

Дарвоқеъ, имрӯз бояд иқрор шуд, ки қабули ин қонун саривақтӣ ва манфиатовар буд, зеро давоми чанд соли охир сатҳи камбизоатӣ дар кишварамон коҳиш ёфта, некуаҳволии халқ бамаротиб афзуд.

Имрӯзҳо мардум  манфиати қонуни зеринро дарк намуда, дар ин ҷода масъулияти баланд эҳсос мекунанд. Зеро вақт ҳамчун довари ҳақ бори дигар зарурат ва моҳияти ин санадро собит намуд. Давоми даҳ соли амалишавии қонун мардум эҳсос карданд, ки доир кардани чандин маъракаҳо зарурат надорад. Бе онҳо низ тўйи хонадоркунии фарзандашон хуб мегузарад. Мардум худашон пешниҳод доранд, ки маъракаҳои тўю мотам ҳарчи камтар ва сабуктар карда шаванд. Мардум имрўз он маблағеро, ки аз маъракаҳои нолозим пасандоз мекунанд, баҳри хонондани фарзандон, хуб хўронидану пўшонидани онҳо масраф намуда истодаанд.

Инчунин қабули қонун барои баланд бардоштани маданияту фарҳанги аҳолӣ зимни баргузории маъракаҳои мардумӣ низ мусоидат намуда, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону ниёзмандон аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон ба ҳукми анъана даромадааст.   Ман пешниҳод дорам, ки хуб мешуд соатҳои баргузории маъракаю маросимҳо ба фаслҳои сол мувофиқ гардонида мешуданд».

 Исмоилова Мархабо - копияМарҳабо Исмоилова, момодояи Таваллудхонаи вилоятии Суғд: «Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими  зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд.  Аз ин лиҳоз, риоя ва эҳтироми онҳо қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ба сари мардуми мо бори гарон гардиданд. Дар ин робита қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  айни муддао гардид. Зеро   қонуни мазкур ба манфиати ҳар як сокини кишвар равона карда шудааст.  Аз ин лиҳоз, ҳамагон бояд худогоҳу хештаншинос бошем, ба арзишҳо ва фарҳанги миллии худ эҳтиром гузорем. Имрӯзҳо мардуми соҳили рӯди Сир, хосатан баъди мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни танзим ин қонуни миллиро ҳамчун як рукни ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба низом даровардани суннатҳои диниву мардумӣ, омили барҳамзании худнамоиву исрофкориву зиёдаравӣ қабул карда, бо рўҳбаландии тоза ҷонибдори ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории маросимҳои милливу мардумӣ мебошанд.

Инчунин вобаста ба хароҷоти зиёдатӣ дар ҷашну маросимҳо, ки бештар аз ҷониби бонувон сар зада, боиси ҷанҷолҳои оилавӣ мегарданд, мехоҳам иброз намоям, ки дар ҳақиқат зан чароғи   хонадон ба ҳисоб рафта, зани оқилаву дурандеш бояд ба қадри харҷи хонавода расад ва маҳсули дастранҷи шавҳарро беҳуда сарф накунад. Оилаҳои муттаҳид баҳри таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандонашон талош мекунанд, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, шароити зиндагии худро беҳтар менамоянд, дар фикри саломатӣ ва хушбахтии худу фарзандонашон мешаванд. Аз ин лиҳоз, қонуни мазкур мо, хосатан занонро водор месозад, ки пеш аз ҳама, сарфакор бошем, зеро тавре дар баромади худ Сарвари давлат баён доштанд: «Сарфаи оқилона асоси ғанигардонии буҷаи оила аст».

 Исомаддинов СадриддинСадриддин Исомаддинов, мудири шуъбаи омори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд:  «Соли даҳум аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Агар ба гузаштаи начандон дур назар кунем ва вазъро бори дигар дар тарозуи таҳлил баркашем, он замон на ҳар кас бовар дошт, ки зимни баргузории маъракаҳо аз баҳри баъзе маросиму харҷҳои беасос баромадан мумкин аст. Ин  расму оин дар давоми чандсолаҳо дар андешаву ақидаи мардум чуқур ҷой гирифта буданд. Аз ин рӯ шаҳрвандон  баргузории маърака ва маросимҳои зиёди серхарҷро то ҷое чун амри воҷиб пазируфта буданд. Дар натиҷа чанде аз онҳо аз рӯи ин зарурати ба миёномада қарздор гардида, торафт  пастшавии сатҳи зиндагии баъзе оилаҳо ба вайроншавӣ оварда мерасонд.  Вазъи маросимҳои азодорӣ аз ин бадтар буд.

Имрӯзҳо дар самти риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи сокинони кишвар, ҳамзамон аҳолии вилояти Суғд беҳбудиву масъулиятшиносӣ бештар ба назар мерасад.  Аз ҷумла, тибқи рақамҳои оморӣ, дар давоми даҳсолаи охир шумораи маъракаҳои арӯсию домодӣ бештар гашта, аз ҷониби соҳибони маъракаҳо теъдоди қонунвайронкуниҳо низ кам гардида, хароҷоти шаҳрвандон низ дар вақти баргузории маъракаҳо ба маротиб кам гаштааст. Маҳз бо шарофати қабули қонуни мазкур исрофкориву тақлидкориҳо аз байн рафта истодаанд. Ба ақидаи ман хуб мешуд, ки дар маросимҳои чил ва сол танҳо дар рўи ҳавлӣ ё даромадгоҳи дарвозахона нишаста, ба арвоҳи майит фотиҳахонӣ карда шавад».

 

    Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,

хабарнигори АМИТ “Ховар”

Август 22, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд