Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, ба шумо – намояндагони мардуми ватандӯсту қавиирода ва меҳмоннавози ноҳияи Бохтар барои фаъолияти созандаатон ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоям.
Тавре ки мушоҳида мегардад, дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши мардуми заҳматпешаи ноҳияи Бохтар пешрафти бомароми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин гардида, шароити зиндагии сокинони он сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Сохтмон ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои дохилӣ, хатҳои нерӯи барқ, муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат, дигар иншооти муосири соҳаи маориф ва марказҳои хизматрасонӣ симои ноҳияро дар муқоиса бо солҳои пеш хеле ободу зебо гардонидаанд.
Саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад.
Соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 880 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2015-ум 24 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 фоизро ташкил кардааст.
Масъалаи беҳтар гардонидани таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия, аз ҷумла бо техникаи зарурӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бинобар ин, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 76 адад техникаву мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шудааст.
Вале бо вуҷуди ин, соли ҷорӣ майдони кишти баъзе зироатҳо, аз ҷумла пахта ва картошка хеле кам гардидааст.
Чунин вазъ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва имкониятҳои мавҷудаи соҳа қобили қабул буда наметавонад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаштуним ҳазор тонна ё 47 фоиз кам шудааст.
Хотирнишон месозам, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар навъҳои сабзавот низ чандон назаррас нест.
Ҳамзамон бо ин, фаромӯш набояд кард, ки кишоварзони ноҳияи Бохтар нисбат ба ноҳияҳои дигар барои фурӯши маҳсулот шароити хуб доранд, чунки ноҳияи Бохтар ба маркази вилоят хеле наздик ҷой гирифтааст.
Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати истифодаи тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани майдони кишти асосӣ ва такрорӣ, истифодаи самараноки замин ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Имкониятҳои зиёди ноҳия, ҳамчунин, барои ривоҷ додани боғдорӣ то ҳол пурра истифода нашудаанд.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати афзоиш додани кишти сабзавот, аз ҷумла картошка, рӯёнидани се-чор ҳосил дар як сол, парвариши меваҳои ситрусӣ, зиёд кардани майдони гармхонаҳо ва ташкили сардхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ноҳияи Бохтар чорводорӣ низ яке аз бахшҳои асосии кишоварзӣ буда, вазни қиёсии он дар маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия зиёда аз 30 фоизро ташкил медиҳад.
Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти чорво, моҳӣ ва дигар навъҳои озуқаворӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти ноҳия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Тӯли даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ барои корҳои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми ноҳия қариб 700 миллион сомонӣ равона шудааст.
Дар ин давра, дар ноҳия 36 муассисаи таълимӣ бо 13800 ҷойи нишаст, даҳҳо иншооти тандурустӣ ва дигар марказҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
То имрӯз бо мақсади рушди соҳаҳои мухталиф ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 150 миллион сомонӣ татбиқ гардида, 5 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Илова ба ин, барои солҳои 2018-2020 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати рушди ноҳия 376 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Бохтар барои солҳои 2016-2020 татбиқи 217 лоиҳа ба маблағи умумии 250 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сари вақт ва босифат амалӣ намудани чорабиниҳои барнома, бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноату сохтмон, хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Лекин соли гузашта ҳамагӣ 15 миллион сомонӣ аз худ гардидааст, ки 6,2 фоизи нишондиҳандаи барномаро дар бар мегирад. Яъне бо чунин суръати кор иҷро намудани барномаи рушди ноҳия бисёр мушкил мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ густариш бахшида, татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаро таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки барои пешрафту ободии ноҳия ҳанӯз имконияту воситаҳои истифоданашуда, махсусан, тавассути таъмин намудани рушди устувори соҳибкории хурду миёна ва дар навбати аввал, соҳибкории истеҳсолӣ хеле зиёд мебошанд.
Дар ин самт зарур аст, ки муроҷиату ташаббусҳои соҳибкорон сари вақт баррасӣ ва ҳаллу фасл карда, доир ба ҷалби бештари сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Бохтар соҳаи саноат тадриҷан тараққӣ карда, хусусан, солҳои охир даҳҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии дорои технологияҳои замонавӣ бунёд гардидаанд ва дар ин замина садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар даҳ соли охир аз 11 ба 37 расидааст, ки ин нишондиҳандаи назаррас мебошад.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 163 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин рақам назар ба соли 2006 94 миллион сомонӣ ё беш аз ду баробар зиёд аст.
Бо мақсади афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар зарфи 11 соли охир якчанд коргоҳҳои дӯзандагӣ ба истифода дода шудаанд.
Бо вуҷуди ин, имкониятҳои истеҳсолоти саноатии ноҳияи Бохтар ҳанӯз пурра истифода нагардидаанд.
Ба маркази вилоят наздик будани ноҳия барои корхонаҳои истеҳсолӣ қувваи кории сершуморро муҳайё мегардонад ва аз ҷониби дигар, дастрасии корхонаҳоро бидуни хароҷоти зиёдатӣ ба бозори истеъмолии шаҳри Қӯрғонтеппа таъмин менамояд.
Инчунин, истифодаи ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хоми арзон ба афзоиш додани коркарди маҳсулоти агросаноатии ноҳия мусоидат карда метавонад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо истифода аз инфрасохтори мусоиди нақлиётӣ молу маҳсулоти корхонаҳои ноҳия ва дастранҷи кишоварзон ба бозорҳои маркази вилоят ва шаҳри Душанбе ҳарчи бештар ба фурӯш бароварда, содироти онҳо ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.
Вале дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 14 корхонаи саноатӣ, ки 40 фоизи шумораи умумии корхонаҳои ноҳияро ташкил медиҳад, фаъолият накардаанд, ки чунин вазъ боиси ташвишу нигаронӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор барои ба таври назаррас зиёд кардани шумораи коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиш додани коркарди маҳсулот ва содироти он ва рушди косибиву ҳунарҳои дастӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ноҳияи Бохтар то имрӯз дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Данғара — Кӯлоб 16 километр роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ, беш аз 6 километр роҳҳои маҳаллӣ ва якчанд пул таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.
Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон панҷуним километр роҳҳои дохилии ноҳия ва як пул ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ таъмиру таҷдид карда шудааст.
Бинобар ин, ба соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Бохтар, ки дар корҳои ободонӣ саҳми сазовор мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.
Дар баробари корҳои дар самти таъмиру таҷдиди роҳҳо анҷомёфта, Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки барои бо сифати баланд таъмиру таҷдид кардани роҳҳои боқимондаи ҳудуди ноҳия чораҷӯӣ намоянд.
Соли 2016 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити инфрасохтори муассисаҳои таълимии ноҳия 45 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки нисбат ба соли 2006 беш аз 10 баробар зиёд мебошад.
Дар асоси Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ барои солҳои 2014-2020 дар ноҳияи Бохтар бояд 6 муассисаи томактабӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ таъсис дода мешуд.
Ҳарчанд ки аз қабули барнома се сол сипарӣ шудааст, вале то имрӯз дар ин самт кори назаррас анҷом дода нашудааст.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати сохтмону барқарорсозии массисаҳои томактабӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, роҳбарону масъулони соҳаи маорифи ноҳия бояд фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва ба воя расонидани наслҳои замони нав, дар зеҳну шуури фарзандон тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ахлоқи ҳамида боз ҳам густариш диҳанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо аз вазъи торафт мураккабшудаистодаи ҷаҳони муосир огоҳӣ доред. Илова ба раванди глобалии гармшавии иқлим ва оқибатҳои он, ки инсониятро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кардаанд, солҳои охир доираҳои муайяни манфиатҷӯй ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористиро маблағгузорӣ ва ба иҷрои нақшаҳои хатарноки худ сафарбар намуда истодаанд.
Дар натиҷа вазъи як қатор кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ноорому буҳронӣ гардида, ҳатто истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохтори давлатдории онҳо зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Дар чунин шароит мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, шукронаи неъмати муқаддасу бузурги зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ кунем ва ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон аҳлона заҳмат кашем.
Мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм таҳти назорати ҳамарӯзаи мақомоти дахлдор қарор дошта, бо мақсади ошкор ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар панҷ соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Бохтар 48 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Тибқи маълумот дар давоми панҷ соли охир 95 нафар сокинони ноҳия, ки 35 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, бо мақсади иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ ба давлатҳои хориҷӣ рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд.
То имрӯз 17 нафар ҷавонони ноҳия дар ҳудуди давлатҳои даргир ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин ҷода, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну фаъолон вазифадоранд, ки барои рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон ва махсусан, наврасону ҷавонон ва умуман, тарбияи дурусти фарзандон ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту сарбаланди ноҳияи Бохтар сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро чун ҳарвақта ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд ва солгарди бистушашуми истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоистаи ин ҷашни муқаддасу муборак истиқбол мегиранд.
Дар охир ба ҳамаи шумо, сокинони шарафманд ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ин диёри зебоманзар рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!