Тартиби нави баргузории тӯю маъракаҳо

Август 28, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 28.08.2017/АМИТ «Ховар»/.  Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфт, вақти баргузории маъракаҳо  дар ҷумҳурӣ бо тартиби нав пешбинӣ шудааст.

Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-и субҳ  то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22,  дар шаҳраку деҳот,  аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо мисли пештара то се соат муқаррар гардидааст.

Инчунин моддаи 14 қонуни миллӣ  масъалаи бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳоро ба танзим  дароварда,  тибқи он дар радифи соҳиби маърака роҳбарони тарабхонаю тӯйхонаҳо  ҳам  вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мебошанд.

Ҳамзамон ба қонун боби нави 41 илова шудааст, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он, хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин ҳифзи рукнҳои фарҳанги миллӣ — забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ пешниҳод гардидаанд.

Моддаи 15 қонун дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он дар баробари ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз мансаб озод намудани шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи қонун аз ҷониби худи онҳо ва ё фарзандонашон пешбинӣ гардидааст.

Август 28, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд