«Як рӯзи боронӣ», «Хонаводаи Аҳмади Дониш дар Миср» — шарҳи матбуот

Август 10, 2017 15:52

ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи   расмии «Ҷумҳурият» (8.08.2017,№166) фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баъзе тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, хабарҳо оид ба баргузор шудани семинари муштараки илмию амалии олимони Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Хоруғ, мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Араб Аҳмад Абулғайт, иштироки хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии наврасон «InIMC — 2017» (Ҳиндустон) ва соҳиби 6 медали тиллоӣ гардидани онҳо ва дигар навгониҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистону кишварҳои дигари олам нашр кардааст. Мақолаи таҳлилии О. Вафобек бо сарлавҳаи «Чаро корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмемонанд?» дар мавзӯи муҳими рӯз навишта шудааст, чунки мувофиқи иттилои омори расмӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 175 корхонаи саноатии кишвар аз фаъолият бозмондаанд. Бояд гуфт, ин омор (аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ) нисбат ба соли гузашта 85 адад камтар аст. «Коршиносон сабаби қатъ гардидани кори корхонаҳоро ба чанд омили ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсиррасон – норасоии ашёи хом, вазъи ноустувори молиявӣ ва норасоии технологияи камхарҷ вобаста медонанд», — навиштааст муаллифи мақола.

Раҷабалӣ Қудратов, муаллифи мақолаи «Забони корномаҳо ва эъҷозҳо», ки он ба озмуни «Ҷумҳурият» пешниҳод шудааст, чунин навиштааст: «Тоҷик бар зидди душманони марзу бумаш на танҳо бо ханҷару шамшер, инчунин бо неруи бузурги забон ҳам мубориза кардааст. Тоҷик дини душмани сарзаминашро пазируфт, аммо бар ивази ҷонаш забонашро напазируфт ва қотеъона рад кард… Тоҷик тахту тоҷашро аз даст дод, аммо забонашро аз даст надод, онро дар мағз-мағзи дилу ҷонаш ҷой кард ва ба наслҳои оянда мерос гузошт. Зеро медонист, ки агар забонаш солиму пойдор бимонад, ҳатман рӯзе аз нав соҳиби тахту тоҷ хоҳад шуд». Дар хотимаи мақола омадааст: «…Шарафи бузургу муқаддаси пос доштани забони тоҷикӣ ва асолати миллӣ бар дӯши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ишқи ҷӯшони хидмат ба забони давлатӣ ва халқу Ватан дар дили Президенти мамлакат ҳамеша шӯълавар буда, замон то замон фурӯғи тоза пайдо мекунад. То замоне, ки кохи пурҷилои давлату миллати тоҷик пойдор аст, забон ҳамчун шоҳсутуни тиллоӣ онро рӯи шонаҳои худ устувор нигоҳ хоҳад дошт».

Дар рубрикаи «Сухани рӯз»-и шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (09.08.2017,№ 167), ки сафари кории Президенти мамлакатро ба ноҳияҳои вилояти Хатлон муфассал инъикос кардааст, гуфтаҳои зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд: «Моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ аз ҳамаи шароиту имкониятҳо самаранок истифода барем. Барои ин аз мову шумо фақат хоҳишу ирода ва аз ҳам муҳим, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва меҳнати софдилона талаб карда мешавад».

Бояд гуфт, 9 августи соли ҷорӣ Президенти мамлакат бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ қарор дошта, бо вазъи зисту зиндагии сокинон, фаъолияти кишоварзон шинос шуданд ва дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ иштирок карданд. Ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон мулоқот ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросонро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба хотири рушду пешрафти ин минтақаҳои мамлакат аз ҳисоби буҷети давлат маблағи зиёд ҷудо гардид. Дар баробари ҳамин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки барои зиёд намудани ҳосилнокии зироат, майдони кишти такрорӣ ва маҳсулнокии чорво имкониятҳои мавҷуда пурра истифода карда нашудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (10.08.2017,№95) фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баъзе тағйироти кадрӣ нашр карда, аз сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон гузориши муфассал, ҳамчунин суханронии Пешвои миллатро дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон таҳти сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон: Ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ набояд роҳ дод» пешкаши хонандагон кардааст. Нашрия мақолаи Далер Мергановро бо номи «Нархи хизматрасонӣ дар минтақаи истироҳатии Варзоб гарон аст. Кӣ бояд онро ба танзим дарорад?» нашр кардааст. Муаллиф навиштааст: «Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи августи соли 1999  ноҳияи Варзоб минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардид. Ҳамчунин ноябри соли 2000-ум «Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб» тасдиқ шуд, ки аҳдофи он ба иқдоми Ҳукумати мамлакат бобати минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон шудани ноҳия рабт дорад. Мутаассифона, гузашти беш аз 16 сол собит намуд, ки татбиқи барномаи зикршуда ба ҳар ду пой мелангад ва сатҳу сифати хизматрасонии нуқтаҳои истироҳатӣ, ки зиёда аз 400 адад мебошанд, ниҳоят паст аст. Баробари гаронии нарх, набудани мутахассисони касбӣ, ҷавобгӯйи талабот набудани муомилаву муошират, вазъи ногувори санитарӣ ва ғайра аз мушкилоти мавҷудаянд. Чунин ба назар мерасад, ки соҳибкорони ноҳияи Варзоб дар раванди фаъолият аз рӯи шиори «худам шоҳу табъам вазир» амал мекунанд. Ин аст, ки талаботи қонунгузорӣ ва имконияти шаҳрвандон барояшон як дирам арзиш надорад».

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Нозирҷон Боҳирӣ ва дар саҳифаи наср ҳикоёти Маҷид Салимро («Найистон дар биёбон», «Сусмори ширхӯр», «Вохӯрӣ бо гурбаи найзор», «Дуғдоғ») ва ҳамчунин ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Ҳабибулло Назаров навиштаи Ато Ҳамдамро бо сарлавҳаи «Ҳабиби дилу дида» чоп кардааст. Навиштаҳои дигари нашрия бо номҳои «Хонаводаи Аҳмади Дониш дар Миср», «Ҳамсояҳо», «Як рӯзи боронӣ», «Назар аз маснади Рӯдакӣ» ва мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо нависандаи шинохта Ӯрун Кӯҳзод «Раҳнаварди сари ағба» аз ҷониби дӯстдорони илму санъат хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи навбатӣ аз вохӯрии муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон гузориш чоп кардааст. «Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад», — таъкид шудааст зимни мулоқоти мазкур.

 

Август 10, 2017 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст