Андӣ, сарояндаи маъруфи Шарқ: «Хушҳолам, ки Тоҷикистон истиқлол ва мардумаш озодӣ доранд…»
ДУШАНБЕ, 09.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Андӣ Мададиён, ҳунарманди маъруфи Шарқ, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти хосе дорад, чанд рӯз қабл дар шаҳри Москва, пойтахти Россия ҳунарнамоӣ кард. Тавре агентии «Sputnik Тоҷикистон» навиштааст, қисми зиёди мухлисонро дар толор тоҷикон ташкил медоданд.
Ҳунарманди маъруф дар сӯҳбати сарироҳие ба хабаринигори ин агентӣ муҳаббат ва эҳтироми худро нисбати мардуми фарҳангдӯсти тоҷик изҳор дошта ва ва гуфтааст, ки кишвареро мисли Тоҷикистон надидааст, ки ин қадар ошиқи мусиқӣ ва фарҳанг бошад. Ҳунарпешаи маъруф зикр намудааст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хушбахтона ба сар мебарад, аммо ҳанӯз умедвор аст, ки рӯзе фаро мерасад ва аз ватананаш Эрон дидан мекунад. Вай гуфтааст: «Шумо, тоҷикон, мардуми аҷаб хушбахтед, ки истиқлол доред ва мусиқӣ дар фазои Тоҷикистон танинандоз аст».
Андӣ дар идома афзудааст, ки муддати 37 сол аст, ки ба Эрон нарафтаам ва дилаш барои ватанаш танг шудааст. «Зиндагии мо дар Лос-Анҷелос хуб аст ва Амрико ба мо ин озодиро додааст, ки мусиқии форсӣ ва Эронро зинда нигаҳ дорем. Ва фарҳангамонро зинда нигаҳ дорем. Яъне ман ҳеҷ шикояте аз Амрико надорам», — иброз намудааст ӯ.
Суҳбати хабарнигори «Sputnik Тоҷикистон» чунин идома ёфтааст:
— Мухлисонатон аз «Sputnik Арманистон» пурсиданд, ки сурудҳои армании шуморо мухлисони форсизабонатон чӣ гуна мепазиранд?
— Ба назари ман, мусиқӣ ҳадду марз надорад. Ва муҳим нест, ки ба кадом забон- тоҷикӣ, форсӣ, арманӣ, англисӣ ва русӣ суруда мешавад. Ман хушҳолам, ки мусиқии маро чанде миллатҳо пазируфтаанд.
— Андӣ сирри маваффақияти худро мегуфта бошад?
— Ишқ ба мусиқӣ. Ман аз баччагӣ ошиқи мусиқӣ будам ва ҳамин ишқ боис мешавад, ки мардум садои маро эҳсос кунанд.
— Аз ҳама суруди дӯстдоштаи Шумо кадом бошад?
— Ҳаммаашро дӯст дорам. Вақте ки аз модарам мепурсидем, бачаҳоро кадомашро дӯст медоред, мегуфт бачаҳо мисли ангуштҳои дастанд, агар ҳар кадомашро бибуред, ба як андоза дард мекунад. Оҳангҳои ман ҳама фарзодони мананд.
— Чӣ хотираҳо доред аз Тоҷикистон?
— Хотираҳои хуб, хотираҳои мардум, Тоҷикистон, оҳанг мусиқӣ… ва ман фикр мекунам, ки мусиқии мо — форсӣ пайғоми сулҳ меорад.
— Шумо ният доред, ки ба ватани мо ҳам ташриф оред?
— Ман хело хушҳол мешавам, мунтазир мешавам он рӯзҳоро. Чанд бор ба Тоҷикистон омадам ва воқеан ошиқи Тоҷикистон ҳастам ва хушҳолам, ки Тоҷикистон истиқлол дорад ва мардумаш озодӣ доранд ва хушҳоланд, ки мусиқӣ гӯш мекунанд. Иншоллоҳ ки ҳамеша дар кишвари Шумо сулҳу сафо бошад. Умедворам, ки ба зудӣ ба Тоҷикистон бармегардам ва дубора меравам ба Душанбе ва Хуҷанд. Дилам мехоҳад дубора хотираҳоро зинда кунам.
— Тоҷикистон ҷашни Истиқлол дорад, таманниёти Шумо дар ин рӯзи муқаддас ба мардуми тоҷик…
— Муҳимтарин чизе, ки метавонам бигӯям: байни тамоми кишварҳое, ки ман мусофират меравам, дар Тоҷикистон мардум ошиқи мусиқӣ ҳастанд, ҳатто Президент ташвиқ мекунанд, ки мардум рӯзи мусиқӣ дошта бошанд ва ман ҳамеша дар мусоҳибаҳоям дар Лос-Аҷелос аз мардуми Тоҷикистон ва ишқи эшон ба мусиқӣ сӯҳбат мекунам. Муҳимтарин чиз дар дунё ишқ ва истиқлол аст. Агар кишваре, ки озод бошад ва мардумаш озодона мусиқӣ гӯш кунанд, ин бузургтарин истиқлол аст.









Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






