«БА НЕКӢ ГИРОЮ БА НЕКӢ БИКӮШ…». 5 сентябр – Рӯзи байналмилалии хайру эҳсон
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар сар то сари ҷаҳон 5 сентябр чун Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ ва хайру эҳсон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 марти соли 2013 ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ ва хайру эҳсон дасти кумак дароз намудан ба бечорагон ва шахсони пиру барҷомонда мебошад. Зеро Худованд инсонро аслан барои некиву накӯкорӣ офаридааст. Рисолати инсони комил низ, пеш аз ҳама, меҳру шафқат зоҳир намудан нисбат ба ҳамҷинсон, хешону пайвандон, аҳли ҷомеа ва тамоми мавҷудоти олам, ҳайвоноту наботот мебошад. Тавре Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад иброз доштааст: «Дунё низ дар пояи некиву созандагии инсон, муборизаи оштинопазиру пайвастаи ӯ бар зидди қувваҳои баду сиёҳкор, ҷафопешаву харобиовар пойдор, сарсабз, зебову дилкаш барои наслҳои ояндаи башар мерос мемонад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷкистон низ ба ин амали нек диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, солҳои охир, хоса дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати ҳидоятҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон некиву накӯкорӣ, дасти хайру сахо дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пиронсолони бесаробон, хонаи ятимону мактаб-интернатҳо, маъюбону оилаҳои камбизоат, сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида, ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони бо амри сарнавишт аз навозишу тарбияи падару модар дурмонда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Чуноне Пешвои миллат дар паёми табрикотии худ ба муносибати иди Қурбон иброз намуданд: «Мо бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Ҳар касе тавоноӣ ва қудрати молиявӣ дорад, бояд онро барои ба анҷом расонидани корҳои хайру эҳсон сарф намояд ва соҳиби савоб барои худ ва аҳли хонаводааш гардад».
Қобили зикр аст, ки имрӯз бо ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллат теъдоди соҳибкороне, ки даст ба амалҳои хайр мезананду ба ятимон кумак мерасонанд ё ҷоеро обод намуда, аз худ номи нек боқӣ мегузоранд, торафт меафзояд.. Яке аз онҳо — Ҳоҷӣ Абдулазизро метавон мисол овард, ки бо харидорӣ ва ворид намудани дастгоҳи «Фиброскан» кори табибонро осон намуда, онро ройгон дар хизмати мардум гузоштааст.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳии бемориҳои шикам Саидилҳом Аҳмадзода иброз дошт, дастгоҳи «Фиброскан» дақиқтарин таҷҳизот маҳсуб ёфта, бо маблағи 126 ҳазор евро аз ҷониби соҳибкор Ҳоҷӣ Абдулазиз харидорӣ шудааст ва аз моҳи апрели соли 2015 ба мардум ройгон хизмат мекунад.
Инчунин номбурда илова намуд, ки баробари ворид намудани дастгоҳи мазкур мутахассисон низ бо маблағи 5 ҳазор евро аз ҷониби ин соҳибкор дар хориҷи кишвар омӯзонида шуданд ва то имрӯз ба таври ройгон ба мардум хизмат мекунанд.
«Аз моҳи апрели соли 2015 то имрӯз дар ин марказ 11 ҳазору 258 нафар аз ташхис гузаронида шудаанд. Метавон гуфт, ки дастгоҳи мазкур ягона дастгоҳи ташхиси ҷигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, метавонад бемории саратон, бемории фиброз ва ферози ҷигарро муайян кунад»,- иброз намуд Саидилҳом Аҳмадзода.
Хушбахтона, корҳои хайру эҳсон ва расонидани кумак ба мӯҳтоҷон ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Умед аст, ки он минбаъд низ идома ёфта, миёни мардум кумакрасонӣ, хайрхоҳӣ ва дастгирии ҳамдигар боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Чун накӯкорӣ ва хайру сахо хислати инсонҳои вораста, дарёдил, баинсофу хайрандеш ва боҳиммат аст. Тавре Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:
Ба некӣ гирою ба некӣ бикӯш,
Ба ҳар неку бад панди доно ниюш.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






