БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик дар Ашқобод 23 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи шашуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соҳиби 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора намояндаи АМИТ «Ховар» Тоҳир Саидов, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар макони Бозиҳои Осиё қарор дорад, ба мо хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи шашуми мусобиқот медалҳои нуқраро аз намуди гӯштини кураш Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73 кг), гӯштини паҳлавонӣ Фарҳод Анақулов (вазни +90 кг) ва дар кураши қазоқӣ Эмомназар Каримзода ба даст оварданд. Беҳрӯз дар даври 1/8-финал варзишгари мизбон Назар Каримов, дар ¼-финал варзишгари суриягӣ Моҳанад Шом, дар даври нимфинал варзишгари Япония Мотонорӣ Шимадаро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Ӯзбекистон Давлат Абраев мағлуб шуд.
Фарҳод дар даври чорякфинал бар варзишгари Қирғизистон Орзубек Қорибеков, дар нимфинал бар варзишгари Туркманистон Вадим Петросян ғалаба карда, дар финал аз намояндаи Эрон Аҳмад Мирзо шикаст хӯрд. Эмомназар баъд аз ду ғалаба бар варзишгарони Ҳиндустон – Кедувиле Зуму ва Акшай Сурве дар финал аз намояндаи кишвари мизбон Теҷен Теҷенов мағлуб гашт.
Медалҳои биринҷиро Хушқадам Хусравов (-66 кг) дар намуди кураш ва Масрур Миралишоев дар гӯштини паҳлавонӣ сазовор шуданд. Хушқадам баъд аз ду пирӯзӣ бар Ҳай Нгуйен (Ветнам) ва Алӣ Ҳодӣ Ал-Шадидӣ (Сурия) дар даври нимфинал аз варзишгари Туркманистон Марат Оразов шикаст хӯрд. Масрур, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Покистон Муҳаммад Аднан мағлуб шуд. Сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар Бенямин Теои сингапурӣ ғалаба кард.
Дар намуди кураш варзишгари дигари тоҷик Баҳодур Ҳалимов (-66 кг) дар даври аввал аз варзишгари эронӣ Ганбаралӣ Чанбарӣ шикаст хӯрд.
Дар намуди таэквондо WTF Хуррам Меҳтаршоев дар вазни -68 кг рақобат кард. Ӯ дар ҳарби аввал бар варзишгари мизбон Ҷалолиддин Ботиров пирӯз шуд, вале дар рақобати дуюм аз варзишгари Ветнам Ҳонг Лу мағлуб гашт.
Ҳамин тариқ, таэквондочиёни кишвар мусобиқоташонро дар Бозиҳои «Ашқобод-2017» анҷом доданд. Аз миёни 5 варзишгари ширкаткунанда дар ин намуд – миёни бонувон Моҳру Ҳалимова (-73 кг) ва миёни мардон Манучеҳр Неъматов (-54 кг), Давлатмурод Каримов (-63 кг), Ҷамшед Носиров (-58 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-68 кг) танҳо Манучеҳр сазовори медали нуқра гардид.
Имрӯз мусобиқот оид ба шоҳмот оғоз шуд. Чор варзишгари мо – Мутриба Ҳотамӣ, Надежда Антонова, Алишер Каримов ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев рақобатро дар намуди инфиродӣ оғоз карданд. Дар даври аввал танҳо Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ғалаба кард. Дар даври дуюм Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Мутриба Ҳотамӣ мағлуб шуда, Надежда Антонова ва Алишер Каримов ғалаба ба даст оварданд.
Дар намуди вазнбардорӣ имрӯз дар вазни 77 кг (гурӯҳи «В”) ду варзишгари мо – Илҳомҷон Шукуров ва Рамоилҷон Забиров иштирок намуданд, аммо аз медал маҳрум монданд.
Варзишгарони мо баъд аз ҷамъбасти рӯзи шашум соҳиби 23 медал — 4 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Тоҷикистон миёни 65 дастаи иштирокчӣ мавқеашро дар ҷои 25 нигоҳ дошт. Кишвари мизбон – Туркманистон, ки 148 медал (59 тилло, 43 нуқра, 46 биринҷӣ) дорад, дар ҷои аввал аст. Эрон бо 52 медал (16-9-27) дар мақоми дуюм ва Тайиланд бо 39 медал (13-12-14) дар ҷои сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони 32 давлат то имрӯз соҳиби медал ва варзишгарони 24 давлат соҳиби медали тиллои бозиҳо гардидаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд













ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






