БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик дар Ашқобод 38 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи нуҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора намояндаи АМИТ «Ховар» Тоҳир Саидов, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар макони Бозиҳои Осиё қарор дорад, ба мо хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи нуҳуми мусобиқот медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гӯштини озод ба даст оварданд. Ҷомӣ дар даври чорякфинал варзишгари Қазоқистон Ербол Ардухан ва дар даври нимфинал варзишгари Ӯзбекистон Саттор Эргашевро шикаст дода, дар финал аз варзишгари дигари Қазоқистон Беймет Канжанов мағлуб гашт. Искандари Рустам дар даври ҳаштякфинал варзишгари афғон Сардор Нодирӣ, дар чорякфинал Такашӣ Ишигурои японӣ, дар нимфинал Бакдайлет Алментайи қазоқистониро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари Эрон Моҷтаба Голейҷ шикаст хӯрд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Ашқобод 38 медал ба даст овардаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд













Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






