“БРЕНДИ СОЛ-2017”. Озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қуллаи шараф» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бренди сол-2017» таҳти унвони «Қуллаи шараф» оғоз гардид.
Тавре аз «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади асосии озмун ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг мебошад.
Ҳамзамон озмуни мазкур нишон медиҳад, ки бренд ба ширкатҳо чи гуна бартариятҳои рақобатнокиро дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.
Иштирок ва ғолибият дар озмун омили беҳтар намудани обрўи ширкатҳо, ба даст овардани маъруфият ва эътироф миёни истеъмолкунандагону рақибон дар ҷумҳурӣ шуда метавонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, рушди тиҷорат ва брендинг дар Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои озмуни «Бренди сол» бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ҷамъбаст карда мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






