Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамкории гумрукӣ ҷараён дорад

Сентябрь 21, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 21.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамкории гумрукӣ бо иштироки намояндагони 11 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ҷараён дорад. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо рушди муътадили худ дар тағйироти сиёсию иқтисодии ҷаҳон нақши муҳим доранд.

Кумитаи ҳамкории гумрукӣ барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории гумрукӣ ва содагардонии муомилот байни кишварҳои узв тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин боиси тақвият ёфтани ҳамкории судманд байни давлатҳои аъзо мегардад.

Дар ҳамин замина ва тақвияти ҳамкории гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи додугирифти молу маҳсулот ва нақлиёт созишномаи байниҳукуматии дуҷониба ба имзо расонида, ҳамчунин бо ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва кумак дар фаъолияти гумрукӣ низ созишномаи ҳамкорӣ дорад.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ояндаи наздик чунин созишнома бо Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба имзо расонида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи мазкур дар шаҳри Душанбе то 22 сентябр идома меёбад.

Сентябрь 21, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад