Дар Пекин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва АИЧ «Синхуа» ба имзо расид

Сентябрь 1, 2017 12:59

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, дирӯз дар Пекин  аз рӯи натиҷаҳои  мулоқот ва гуфтушунидҳои сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла,  Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”  ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» ба тасвиб расид.

«Мувофиқи санади имзошуда агентиҳои иттилоотӣ табодули маводи иттилотӣ мекунанд, аз ҷумла барои ташкил ва таъмини инъикоси сафарҳои сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин ва дигар чорабиниҳои байнидавлатӣ, ки дар ҳудуди ду мамлакат баргузор мегарданд, ҳамкории зич ба роҳ монда мешавад», — зикр кард директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ.

Тавре  С.Сиддиқ иброз дошт, ба имзо расонидани ин санад хеле муҳим мебошад, хусусан бо назардошти он ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Мардумии Чинро дӯсти боэътимод ва шарики самимии Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд.

Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 1 сентябр зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуаи ҶМЧ изҳор карданд: «Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми хоссаро доро аст. Дар кишвари мо Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобанд ва мо аз пешрафту рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем.  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.».

Директори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳарду агентӣ бо мақсади табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи касбият якҷоя як зумра тадбирҳоро амалӣ мекунанд, зеро ҳарду агентӣ, ба гуфтаи ӯ, “дорои таърихи бой, таҷриба, ҳунар ва анъанаҳои нек мебошанд. Ҳам агентии «Ховар» ва ҳам агентии «Синхуа» қариб дар як вақт- охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри гузашта таъсис дода шуда, аз агентиҳои иттилоотии бузурги минтақа дониста мешаванд».

Хотиррасон мешавем, ки агентии «Синхуа», мисли агентии «Ховар» дар Тоҷикистон, агентии иттилоотии давлатии ҶМЧ мебошад. АИЧ «Синхуа» соли 1931 таъсис ёфта, то моҳи январи соли 1937 номи «Чини Сурх» дошт (тарҷумаи калимаи Синхуа — Чини нав мебошад). Холо дар АИЧ «Синхуа» зиёда аз 8 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои автономии ҶМЧ филиалҳои агентӣ ва ҳамчунин дар 50 шаҳри Чин гурӯҳи хабарнигорони «Синхуа» фаъолият менамоянд. Илова ба ин, АИЧ «Синхуа» дар 105 кишвари олам шуъбаҳои худро дорад.

Таҳти идораи «Синхуа» зиёда аз 40 адад нашрия чоп мешавад. Ин агентӣ бо 7 забон дар тамоми кишварҳои олам хабар паҳн мекунад. Дар як рӯз агентӣ зиёда аз ҳазор хабар таҳия ва паҳн карда, зиёда аз 306 радио, 368  шабакаи телевизионӣ, 2119 рӯзнома ва 9038 нашрияҳои давриро бо иттилоот таъмин месозад. Якуми июли соли 2010 АИЧ «Синхуа» шабакаи телевизионии «CNC World» -ро фаъол намуд, ки он ба воситаи моҳвора ба тариқи шабонарӯзӣ ба забони англисӣ иттилоот паҳн мекунад.

Xinhua-News-Agency-720x340

Сентябрь 1, 2017 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд

Маводҳои таҳлилӣ