«Дарвоз диёри мардуми равшанзамир аст», «Барқ. Напардохтани маблағи истифода мушкили рақами 1» — шарҳи матбуот

Сентябрь 21, 2017 14:53

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳафтаи  гузашта   кормандони нашрияҳои ҷумҳурӣ   кадом  вокеаву  рӯйдодҳоро аз   ҳаёти сиёсиву  иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии кишвар  дар саҳифаҳои  рӯзномаҳояшон  пешниҳоди  хонандагон гардониданд?   Доир ба ин мавзӯъ  шарҳи  матбуот аз АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад. 

Нашрияи «Ҷумҳурият» (14.09.2017,№193-194)  дар саҳифаи аввали ин шумора  суханрониии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз таҳти сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон: «Дарвоз диёри мардуми равшанзамир аст» ба  чоп расонидааст.  Дар суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла, омадааст: «Табиати дилфиреби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз, ки аз намудҳои зиёди набототу ҳайвонот, гиёҳҳои шифобахшу дарахтони нодир хеле бой мебошад, метавонад дар оянда ҳамчун яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кӯҳнавардӣ хизмат намояд».

Дар ин шумора ҳамчунин  мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои «Айнӣ ва забони китобҳои дарсӣ», «Китобхонаҳои деҳот. Чанд паҳлӯи як проблема», «Барқ. Напардохтани маблағи истифода мушкили рақами 1», «Ноболиғон. Аз пурзӯр намудани назорат то ғамхорӣ ба бепарасторон», «Дар раванди глоттогонии Айнӣ ва пайравони ӯ»  ва ғайраҳо   ба табъ расидаанд, ки  бо мӯҳтавои баландашон, бешубҳа, таваҷҷуҳи хонандагонро ба нашрия меафзоянд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳамин шумора мақолаи  мухбири  махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ  таҳти сарлавҳаи «Ба деҳоти мо кай об меояд?»  чоп шудааст. Хабарнигор дар вилояти Суғд бо номи «Боғу токзорҳо нобуд мешаванд»  аз номи Қиёмиддин Машрафов, сокини деҳаи Сӯфӣ Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан нома гирифта, бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ин масъала  ба маҳали зикршуда  рафта,  дар  бораи мушкилии беш аз 8 ҳазор нафар аҳолии деҳа — набудани оби ошомиданӣ ва басанда набудани оби полезӣ мақола навиштааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (15.09.2017,№195)    мақолаҳои таҳлилӣ  таҳти сарлавҳаҳои   «Айнӣ ва «коргоҳ»-и забони модарӣ», «Шоҳи саҳна. Бардошт аз ҷашнвораи театрӣ ба ифтихори 60- солагии фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо», «Замин. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар тақсимоти он ба камбудиҳо роҳ додаанд» ва саҳифаи иттилоотӣ- фароғатии «Шоми шанбе» пешниҳоди хонандагон гардидааст.  

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (16.09.2017,№109)  дар саҳифаи аввали ин шумора   суханронии  Пешвои миллатро  бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз  таҳти сарлавҳаи  «Меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахс бояд нақши абадӣ дошта бошад» ва   гузоришро аз  вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  бо сокинони ноҳияи Рашт 11 сентябри соли равон  таҳти сарлавҳаи «Шукурҷон Зуҳуров: Кӯшиш менамоем, ки қонунҳо ба фалсафаи ҳаёт ва анъанаҳои халқамон ҷавобгӯ бошанд» ба нашр расонидааст.

Кормандони нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ», рӯзномаҳои  «Ҷавонони Тоҷикистон», «Народная газета»,   нашрияҳои соҳавии  «Адабиёт ва санъат»,  «Омӯзгор», «Боҷу хироҷ» ва  ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон»,  «Оила» ва ғайраҳо   низ  кӯшиш намудаанд, ки бо мақолаҳои   таҳлилӣ бурду бохт ва норасоиву камбудиҳои ҷомеаро баҳри ба вуҷуд овардани афкори омма пешниҳоди хонандагон гардонанд.

Сентябрь 21, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад