Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан ва Ишкошим минтақаҳои туристӣ эълон мегарданд. Душанбе амнтарин шаҳр ва туризмаш ояндадор эътироф гардидааст

Сентябрь 27, 2017 11:28

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда  бархе аз шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон, назири Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ишкошим минтақаҳои туристӣ эълон мегарданд. Дар ин хусус зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи ҷаҳонии туризм Абдукарим  Қурбонов, сармутахассиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ дод.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар  ҷаҳон 27 сентябр Рӯзи байналмилалии  туризм  (World Tourism Day) таҷлил мегардад. Ин сана бо ибтикори Ассамблеяи кулли  Созмони Ҷаҳонии  Туризм  (The World Tourism Organization, UNWTO) дар соли 1979 дар шаҳри  Торремолинои Испания   дар иртибот ба қабул гардидани  Оинномаи  Созмони ҷаҳонии туристӣ дар соли 1970 таъсис дода шудааст.

Тоҷикистон  сарзамини кӯҳҳои баланд буда, бо зебоиҳои нотакрори табиати дилфиребаш дили садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Дар ин росто Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши туризм ҷиҳати рушди соҳаи туризм  корҳои шоёнро ба анҷом мерасонад. Ин аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар моҳи майи соли равон  Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки самти кори он ба рушди соҳаи  туризм-яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии кишварамон нигаронида шудааст.
iskandarkul sughd
Тавре сармутахассиси Кумитаи  рушди  сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, дар Тоҷикистон барои сода намудани ташрифоти сайёҳони хориҷӣ чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2009-2019»,  барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм,  Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии  фаъолият дар соҳаи туризм  дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабиланд.  Инчунин Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз соли  2007 аъзои Созмони  байналмилалии туризм мебошад, ки ин барои муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Туризм-2Бояд тазаккур дод, ки сол аз сол шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меафзояд. Агар дар соли 2010-ум  аз 60 кишвари дунё ба Тоҷикистон 160 ҳазор  сайёҳ ташриф оварда бошанд, ин омор дар соли 2015 марзи беш аз 400 ҳазорро убур намудааст. Соли 2016 беш аз 344 ҳазор нафар сайёҳ аз 109 давлати дунё ба Тоҷикистон омадаанд, ки ин бозгӯи фарох гардидани ҷуғрофиёи ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.

Танҳо дар зарфи соли 2015  аз ҳисоби бахши туризм ба иқтисодиёти кишвар беш аз 200 миллион доллар  ворид гардидааст. Ҳамзамон Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ иштирок намуда,  барои муаррифии захира ва имконоти туристии кишварамон маводи гуногуни тарғиботиро таҳия, чоп ва паҳн намудааст. Ҳамзамон дар кишвар  меҳмонхонаҳои замонавии панҷситорадор, осоишгоҳҳою марказҳои тафреҳӣ, боғҳои истироҳатӣ бунёд гардида, барои ҷалби сайёҳон ва рушди туризм заминаи устувор  фароҳам овардаанд.

Ба андешаи Абдукарим Қурбонов, сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон бештар ташриф меоранд, ба  намудҳои туризми кӯҳнавардӣ, варзишӣ, таърихию фарҳангӣ шавқу рағбат дошта, аз минтақаҳои  Бадахшон,  Зарафшон, Хатлон,  Рашту Ҳисор боздид намуда, табиати биҳиштосо ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварамонро тамошо мекунанд. Ҳамчунин бо назардошти хусусиятҳои хоси туризм ва мероси бои таърихию фарҳангии кишварамон дар Тоҷикистон намудҳои туризми этнографӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, варзишӣ,  ва шикорӣ  ҳамчун намудҳои афзалиятнок эътироф гардидаанд.

Alaudindanghara khatlon21559083_1759667247379286_1431492749370866227_n

Дар Тоҷикистон ноҳияҳои Варзоб, Балҷувон ва дараи Ромит минтақаҳои туристӣ эълон гардидаанд. Алҳол дар кишвар 124 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 56-тои он ба туризми содиротӣ машғул буда,  самти фаъолияти боқимондааш ба ҷалби сайёҳон ба кишвар ва туризми  дохилӣ равона гардидааст. Дар бозори туристии кишварамон дар  бахши туризми  воридотӣ ширкатҳои  сайёҳии «Ориён –Адвентур», «Боми ҷаҳон тур», «Сайру саёҳати кӯҳӣ», «Куҳандиз», «М. Тур», Муассисаи сайру сайёҳатии Иттифоқи касабаи  Тоҷикистон, «Ором саёҳат» ва «Артур»  пешсаф мебошанд. Инчунин дар  Тоҷикистон  60 хатсайри сайёҳӣ мавҷуданд, ки аз онҳо сайёҳону меҳмонон ва сокинони кишвар ба таври васеъ истифода менамоянд.

dushanbe2Бояд тазаккур дод, ки  бо дастгирии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷумҳурӣ дар бозори туристӣ беш аз пеш таҳким меёбад. Тибқи таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи туристӣ, Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳое, ки туризмаш дар ҳоли рушд аст, ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Ҳамчунин тибқи гузориши маҷаллаи бонуфузи «TOPS at SPAR» манзараҳои кӯҳҳои Помир дар радифи сад манзараи зеботарини  дунё қарор гирифтаанд. Ҳамзамон Душанбе амнтарин шаҳр ва туризмаш ояндадор эътироф гардидааст, ки ин  тамоюл барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон, рушди инфрасохтори соҳаи туризм нақши муассир мегузорад.  Ҳамзамон бо иқдоми Ҳукумати мамлакат  ширкатҳои навтаъсиси туристӣ  дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андоз аз фоида озод гардида,  таҷҳизоту дастгоҳ ва масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёд ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ нигаронида шудаанд, аз пардохти боҷи  гумрукӣ озод  карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди инфрасохтори туристӣ дар кишвар заминаҳои муносиб фароҳам овардааст. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани  базаи лижаронии сайёҳии «Сафеддара» дар Варзоб ва Маркази иттилоотию  сайёҳӣ дар Бадахшон қадами муассирест дар самти густариши инфрасохтори туристӣ ва дурнамои рушди туризм дар Тоҷикистон.

 

Марзия САИДЗОДА

Сентябрь 27, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ иштирок намуд
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДЕҲОТ. «Қайнар» мавзеи таърихию фароғатии ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид
Бо намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба сайёҳии кишоварзӣ мулоқот доир шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ иштирок намуданд
Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Боку дар форуми танзимгарони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд