Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист!»

Сентябрь 8, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 8.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Забони модарии мо мисли дигар забонҳои дунё вожаҳои муқаддаси худро дорад, чунончи: Ватан, модар, Худованд…  Барои миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо вожаҳое, монанди Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, озодӣ… низ муқаддасанд. Ба ҳар миллат муяссар намешавад, ки дар радифи номи зотияш ин вожаҳо  дурахшон бошанд. Барои мо тоҷикон ин вожаҳо он қадар маънодор, он қадар азизанд, ки вақте  онҳоро ба забон меорем, банда гумон мекунам, бояд як изтиробе моро фаро гирад, бояд баданамон биларзад ва сарамон ба осмонҳо бирасад, зеро дар ин вожаҳо ормонҳои ҳазоронсолаи халқи куҳанбунёди мо таҷассум ёфтаанд. Зеро барои расидан ба онҳо халқи соҳибтамаддуни мо ҷодаҳои гарони таърихи хунинро  пушти сар кардааст. Ин аст, ки барои ба забон овардани ин вожаҳо, ба андешаи мо, бояд таҳорат кард, даҳонро об гардонд, бояд покизаву озода буд. Имрӯз мо шояд аз истифодаи зиёд ба онҳо одат кардаем, аммо инҳо вожаҳое ҳастанд, ки дар асл аз мағзи дилу ҷони миллати мо баромадаанд. Ҳазор сол лозим буд, ки  халқи мо ҳама ҷабрҳои таърихро таҳаммул кунад, то  тавонад ин вожаҳоро ба худ мансуб намояд.

Таърихи Истиқлолияти давлатии мо, рӯҳияи безаволи он дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Товикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқу рехтаву нишонрас баён гардидааст:

 “Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад.Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ  дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

Рӯҳи озодии гузаштагони мо – тоҷикон, кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиёни огоҳу бедордил ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлолияти Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги оламшумуламон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст”.Истиклол

Хушбахтона, ҳукми таърих ва замон чунин буд, ки дидани ҳузури хуҷастаи ин лаҳзаи беназир ва тақдирсози миллатамон насиби насли хуштолеъи мо гардидааст. Мо хушбахтоне ҳастем, ки на танҳо ин зуҳуроти таърихиро мебинем, балки худамон дар бунёди давлати навини тоҷикон иштирок дорем ва метавонем саҳми боризи худро гузорем ва чунин хушбахтӣ баъд аз ҳазор сол маҳз насиби мо шудааст. Оё ин худ ҳадяи тақдир барои мову шумо нест?! Ин аст, ки Истиқлолияти давлатӣ хуҷастатарин дастовард ва муқаддастарин  неъмати асру замонҳо барои миллати мост ва барои мо тоҷикон азизу муқаддаму муқаддасу беназир аст.

Табиист, ки мо муосирон бо Истиқлолияти давлатии худ, Ваҳдати миллие, ки дар замони истиқлолият ба даст овардем, ифтихор ва сарфарозӣ мекунем. Аммо танҳо ифтихор кам аст. Мо бояд масъулияти баланду таърихии худро дар назди ин дастоварди муқаддасамон ягон лаҳза аз ёд набарем. Ва суханони раҳнамои Пешвои муаззами миллати худро шиори хеш созем:

“Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум аст”.

26-солагии Истиклолият
Имрӯзҳо миллати куҳанбунёд ва саҳибтамаддуни мо аз  26-умин солгарди ин санаи тақдирсоз истиқбол мегирад. Дар ин муддати дар назди таърих хеле кӯтоҳ мо эҳёи дубораи Ватани худ, Тоҷикистони азизамон, эҳёи маънавии халқамонро ба чашми худ дидем. Дидем, ки барои миллати тоҷик, миллате, ки аз як гиребон сар бароварда метавонад,  истиқлолият чи имкониятҳои бузургеро метавонад фарҳам оварад.  Дар бораи моҳияти Истиқлолият, нақши бузурги он дар тақдири ҳар халқ наметавон возеҳтару равшантар аз суханони мондагори Пешвои миллатамон  чизе гуфт:

“Истиқлолият шараф ва номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.”

 

СУХАН АЗ ИСТИҚЛОЛ

Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист!
Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст,
Мисли борон ба сари хушкии он рехтан аст!

Сухан аз Истиқлол – сухан аз озодист!
Ҳама ҷо даст ба даст,
Ҳама ҷо китф ба китф
Аз сари бухсу бало хестан аст,
Аз фиребу тамаъу макру риё хестан аст!

Чунки як-як ҳама мо
Пайкари фарруху фархундаи Истиқлолем,
Худи мо бо ҳама тан
Парчами пирўзӣ,
Парчами иқболем.

Сухан аз Истиқлол, на шиораст, шиори холӣ,
Ин шиорест, ки ҳар як ҳарфаш
Ҳаст аъмоли накўву олӣ.
Ин шиоре
На зилофу зи газофу на зи ҳангомаву шўр аст,
Ин шиорест, ки ҳар ҳарфи каломаш моем.
Ва дар он ҳар нафаре бар дўшаш
Бори тақдири Ватан чун мўр аст.

Сухан аз Истиқлол – сухан аз виҷдон аст!
На! Сухан нест, бидон,
Пораҳое зи дил асту ҷигар асту ҷон аст!

Сухан аз Истиқлол – сухан аз сохтан аст!
Чу сутунҳо ба бинои  кишвар
Қомат афрохтан аст!

Қасрҳое, ки ба худ сохтаем, бод обод!
Лек боист кунун
Худамон қасри шуҷоат ва муҳаббат
Ва садоқат бошем,
Худамон қасри ҳунар, пайкари ҳиммат бошем.

Нақбҳоро на фақат аз танаи кўҳи азим,
Балки аз синаи худ низ расонем ба нур.
Роҳҳоро на фақат дар камари кўҳи диёр,
Балки аз қалб бисозему расонем ба дур,

То куҷо мебарад ин роҳ, ки вораста
Зи чоҳи таърих,
Нест гар дар ману ту шўълаи виҷдони Ватан?!
То куҷо мебарад ин роҳ, агар ки набарад
То сари қуллаи армони Ватан?!

Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист!

 

ИСТИҚЛОЛИ МО

Мо туро бо хуни ҷони  хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.

Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.

Ин туӣ, к-аз пайкару пайкори мо рӯидаӣ!
Ин туӣ, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ!

Ин туӣ, рӯида аз таърихи хунини Ватан!
Аз сари сангину аз тамкину аз кини Ватан!

Ин туӣ, к-аз ҳикмати пирони мо рӯидаӣ!
Ин туӣ, к-аз ҷону аз виҷдони мо рӯидаӣ!

Хокат аз хоки вуҷуди рафтагони мо бувад!
Ин Нишонат аз ҳазорон бенишони мо бувад.

Парчамат аз чарми нанги мост, аз виҷдони мост!
Аз ҳарири пардаҳои синаи сӯзони мост!

Мо ҳама дороии худро фидоят кардаем,
Ҷисми худро дода, дилро раҳнамоят кардаем.

Дур бод он кас, ки моро аз ту хоҳад дур кард!
Кӯр бод он кас, ки мехоҳад раҳатро кӯр кард!

Эй ту Истиқлоли мо, иқболи мо, иҷлоли мо!
Эй ту шаъни аз шукӯҳи меҳр моломоли мо!

Эй муқаддас! Эй ҳазоронсола армони Ватан!
Мо ту ҳастему ту дар мо пайки  паймони Ватан!

Мо туро дар мағз-мағзи ҷисму ҷон мепарварем!
Мо туро чун устувон дар устухон мепарварем!

Мо ба ёди ту ба сад ҷабру ҷафоҳо зистем!
Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем!

Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Сентябрь 8, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад