«Локомотив»-и Тошканд «Истиқлол»-и Душанберо барои баромадан ба даври навбатии Ҷоми КФО табрик намуд

Сентябрь 14, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони феълии Ӯзбекистон — «Локомотив»-и Тошканд ба унвони чемпиони Тоҷикистон — дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бинобар баромадан ба даври финалии байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 номаи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар номаи расмии муовини директори генералии дастаи футболи «Локомотив»-и Тошканд Тулабек Акрамов, ки ба унвонии президенти дастаи футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода ирсол шудааст, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҳайати дастаи касбии футболи «Локомотив»-и Тошканд – роҳбарият, ҳайати мураббиён, бозингарон ва ҳайати кормандон – дастаи шумо — «Истиқлол»-и Душанберо барои баромадан ба даври ½-финалии Ҷоми КФО шодбош мегӯянд. Барои шумо пешрафти пайваста, рушд ва ғолибиятҳои зиёдро ба манфиати футболи тоҷик орзумандем».

Ёдовар мешавем, ки дар даври финалии байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо «Бенгалуру»-и Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Вохӯрии аввал 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гардида, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Вохӯрии ҷавобӣ 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад. Ғолиби ин вохӯрӣ дар бозии финалии Ҷоми КФО, ки 4 ноябр баргузор мешавад, бо ғолиби ҷуфти «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр Форс»-и Ироқ вориди майдон хоҳад шуд.

Сентябрь 14, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд