Моҳият ва сабаби қабули Қонуни миллӣ ба сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябри соли 2017 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ бо иштироки роҳбари гурӯҳ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода мулоқоти гурўҳи корӣ бо донишҷўёну омўзгорони коллеҷ ва сокинони маҳаллаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.
Зоир Раҳмонзода роҷеъ ба такмилёбии низоми қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуд.
Мавсуф инчунин дар бораи хизматҳои шоиста ва шабонарўзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, сарфаю сариштакорӣ дар ҷашну маъракаҳо, фаъолияти комиссияҳои доимии шаҳраку маҳаллаҳо, ваколату вазифаи онҳо ва дигар масоили муҳими марбут ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зада, моҳият ва сабаби қабули чунин Қонуни миллиро шарҳ дод.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоира Сайидалиева, имомхатиби ноҳияи Шоҳмансур Абдулҳақ Обидов доир ба сабабу моҳияти қабули қонуни мазкур ва тағйиру иловаҳо ба он ҳарф зада, моддаҳои алоҳидаи онро дар хусуси тўйҳои домодию арўсӣ ва хатнасур, азодориву таъзия, ваколату вазифаҳои комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ, вақту муҳлати баргузории маъракаҳо, арҷгузорӣ ва ҳифз намудани забони давлатӣ, либоси миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ, ба дарс омадани хонандагону донишҷўён бе воситаҳои техникии шахсӣ шарҳ доданд ва ҳозиринро ба андўхтани илму дониш, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва риояи қонунҳову дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳидоят намуданд.
Донишҷўён дар бораи маъракаҳои хатнасур, домодию арўсӣ, азодориву таъзия, оқибати бо мошин ба дарс омадан ва тарзи либоспўшӣ суолҳои зиёд дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зоир Раҳмонзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намуда, саҳми бевоситаи худро гузоранд.
Бояд гуфт, ки вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар маҳаллаҳои дигари ноҳияи Шоҳмансур идома доранд.