ОБУ ҲАВО: аз 28 то 29 сентябр дар ноҳияҳои шимоли кишвар ҳавои ноустувор ва боридани барфу борон пешгӯӣ мешавад

Сентябрь 27, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои  28-29 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои ноустувор, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ вазиши боди сахт ва баамалоии чангу ғубор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, пастшавии ҳарорат аз 29 сентябр оғоз ёфта, дар водиҳо шабона 4-9, рӯзона 10-15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 27 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Ҳарорат дар водиҳо ба 36 дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона  32 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат ба 14 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 29 сентябр дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии кишвар бо сабаби вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал  меояд.

Сентябрь 27, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ