Қонуни танзим — асоси сарфи боадолатонаи буҷаи ҳар як оила: бардошт аз мулоқот бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба тарғиби моҳияти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот доир карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.
Дар мулоқот президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Маҳмадшоев ва сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Мавлонов сухан гуфтанд.
Зимни мулоқот президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳим арзёбӣ намуда, ба нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо, ки ба моддаҳои 1, 2, 7, 9, 11, 12, 14, 15, 16 ворид гардидаанд, равшанӣ андохт.
Ҳамчунин номбурда оид ба риояи қатъии Қонуни мазкур ва ҷаримаҳои он ҳарф зада, ин қонунро асоси сарфи буҷаи боадолатонаи ҳар як оила номид.