Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро мухолифи арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд»
ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд. Ин матлабро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар он суханронӣ карданд, изҳор намуданд.
Роҳбари давлат аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд, изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.
Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки мубориза бар зидди ин таҳдидҳо аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани тадбирҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намудан аз истифодаи меъёрҳои дугонаро тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гӯшаҳои доғи ҷаҳон баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, ба истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ вобастагӣ дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






