Шоми имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбанд

Сентябрь 26, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи сафари намояндагони Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» баргузор гардид.

Шоми ҳамин рӯз дар доираи барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи ҳунарии солистони Театри давлатии академии «Мариин»-и Санкт-Петербург: Виктория Ястребова — Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Осетия ва Владимир Серебровский — Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Карелия доир шуд.

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ идома доранд. Аз ҷумла дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд барномаи консертии гурӯҳи созии «Трио»-и Консерваторияи Москва пешкаши ҳаводорони ҳунар гардид.

Пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми имрӯз, 26 сентябр, соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и Консерваторияи Москва» дар назар аст.

Сентябрь 26, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад