Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ сармутахассиси Раёсати Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Нигина Ризоева оид ба иҷрои бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Мавсуф ҷанбаҳои ҳуқуқии қонуни мазкурро шарҳ дода, тадбирҳои дар ин самт роҳандозишударо бо мисолҳои мушаххас ба иштирокдорон фаҳмонид.
Дар ҷараёни мулоқот миёни кормандону намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин табодули афкор сурат гирифт ва ҳозирин фикру мулоҳизаҳои худро атрофи қонуни танзим ва риояву иҷрои он иброз доштанд.
Ба иттилои манбаъ, ин гуна дарсҳои омӯзишиву маърифатӣ дар тамоми воҳидҳо ва сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода доир мегарданд.