ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 27 сентябр, чоршанбе, 270-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 95 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 27, 2017 07:36

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

***

27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

 

27 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии туризм.

***

Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.

***

Дар Россия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

27 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардида буд.

***

27 сентябри соли 1791 ба яҳудиёни Франсия шаҳрвандӣ дода шуд.

***

196 сол муқаддам, 27 сентябри соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс кардаанд.

***

27 сентябри соли 1953 Япония қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис додааст.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина аввалин маротиба ҷараёни барқ ҳосил кард.

Сентябрь 27, 2017 07:36

Хабарҳои дигари ин бахш