ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 сентябр, ҷумъа, 272-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 93 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 29, 2017 09:03

 

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

29 сентябри соли 2016 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот доир намуданд.

***

2 сол пеш, 29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуда буданд.

***

29 сентябри соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

 

29 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии дил.

***

Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.

***

Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

***

Рӯзи Микел дар қисмати Аврупои ғарбӣ, ки ба хотимаёбии корҳои тобистониву тирамоҳӣ, рӯзи бозорҳо ва савдо бахшида мешавад.

 

РӮЙДОДҲО:

29 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

***

6 сол пеш, 29 сентябри соли 2011 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои нави худ — «Боинг 737-900»-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

***

29 сентябри соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

***

91 сол муқаддам, 29 сентябри соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфта буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар натиҷаи заминларзаи шадид дар Мексика беш аз 700 нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

29 сентябри соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё буд, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Сентябрь 29, 2017 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш