ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – БЕҲТАРИН РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ! 29 сентябр- Рӯзи байналмилалии дил

Сентябрь 29, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.

Бо мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз хатари ин беморӣ соли 1999 бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил Рӯзи байналмилалии дил   ташкил гардида буд, ки ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал ин рӯз якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегашт. Аз соли 2011 инҷониб ин рӯзро   29 сентябр баргузор менамоянд.

Солҳои охир   дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун,  болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан,  вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд.

Табиби Маркази ҷумҳуриявии  клиникии бемориҳои дил Зайнура Ғоибова оид ба пайдоиши ин беморӣ ва сабабҳои   он дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки   «тадқиқоти илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар   вобаста мебошад.   Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани  меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд.  Бемории инфаркт  дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд».

Ба гуфти табиб,  солҳои охир бемории дил ҷавон шудааст. Ҳоло ин беморӣ  дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби асосии он тарзи нодурусти ҳаёт, зиёд кашидани  сигор ва истеъмоли барзиёди машрубот мебошад. Ҳамин тарзи нодурусти ҳаёт миёни  ҷавонон баъдтар  ба гирифторӣ ба бемории дилу рагҳои хунгард оварда мерасонад. Аз ин рӯ, барои дучор нашудан ба ин бемории хатарнок     ҳар як шахс бояд    аз овони хурдсолӣ ба варзиш машғул шавад ва ғизои солим истеъмол намояд.

Тибқи маълумоти Федератияи байналмилалии дил, агар ҳар як шахс тарзи ҳаёти солимро пеш барад, ғизои дуруст истеъмол намояду ҳаракати ҷисмонии бештар дошта бошад, то   80 фоизи сабабҳои  ин бемориро,  ки ба марг оварда мерасонад,  пешгирӣ карда метавонад.

Духтури дил Зайнура Ғоибова иброз дошт, ки  омилҳое ҳастанд, ки метавонанд таҳти назорат бошанд  ва пешгирӣ шаванд. Якеи он  тамокукашӣ мебошад, ки бояд фавран аз он даст кашид. Инчунин   шахсе, ки  мубталои фишорбаландӣ мебошад,   бояд фишори худро дар сатҳи  меъёр нигоҳ дорад (120/80), аз вазъи боду ҳаво воқиф бошад, зеро гармои шадид ва тӯфони магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешаванд. Ҳамчунин вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан   ва бештар ҳаракат кардану  аз ғизои серчарб даст кашидан ҳатмист.

«Гирифторони бемориҳои дилро зарур аст ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Дар ин ҳолат танҳо меъёрро бояд риоя кард. Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дил гузаранда ва одӣ нестанд ва бо онҳо муносибати сар- сарӣ кардан дуруст нест. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо- риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст»,- тавсия дод табиби дил З. Ғоибова.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳуриамон   Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» — и назди ҶСП «Дили солим»  фаъолият доранд. Ин марказҳо  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои табобати сактаи дил имконияти фаровон доранд ва  беморро ба ҳаёти маъмулӣ тақрибан баргардонида метавонанд.

 

 Ибодат ДАВЛАТОВА

Сентябрь 29, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд