Тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумон ва афзалиятҳои қонуни танзими анъана ба сокинони Вахш

Сентябрь 14, 2017 12:05

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумони Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.

Дар доираи чунин мулоқотҳо вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода ва Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар мактабҳои рақами 20 ва 11-и -ноҳияи Вахш бо аҳли ҷамоати ин минтақа мулоқот намуданд.

Б. Сафарзода ва З. Исмоилзода иброз намуданд, ки соли 2017  барои Тоҷикистон соли бобарор буда, мардуми кишвар дар ин сол бо рӯҳбаландӣ аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳояшон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба як марҳилаи рушду ободонии диёрамон камари ҳиммат бастанд. Сафарҳои Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва натиҷагирии мусбати барномаҳои тарҳрезишуда аз рушди бомароми  кишварамон   шаҳодат медиҳанд. Таъкид  шуд, ки татбиқи чунин барномаҳо марҳилаи нахустини амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  маҳсуб шуда, таҳти раванди гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт амал менамояд.

Зикр гардид, ки марҳила ба марҳила  татбиқ  гардидани  Стратегияи нави миллии рушд имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсади имрӯза то ба 20 дарсад дар соли 2020 расида, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 дарсад ба 30 дарсад дар соли 2020 баробар гардад.

Сентябрь 14, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд