Тоҷикистон ба амалигардонии Ҳадафҳои Рушди Устувор таваҷҷуҳи махсус медиҳад

Сентябрь 22, 2017 12:28

ДУШАНБЕ, 22.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии байниидоравии мақомоти масъул дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омори ҳаётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар он вакилони Парлумони Тоҷикистон ва кормандони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон зимни конфронс гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ 24 сол қабл дар чандин бахш Созишнома дар бораи ҳамкории судманд ба имзо расониданд. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар радифи дигар кишварҳои дунё Декларатсияи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо (ҲРҲ) ба тасвиб расонид. ҲРҲ то соли 2015-ум 8 мақсади асосӣ, аз қабили паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ дар ҷаҳон, ба таҳсил фаро гирифтани аҳолӣ, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии фавти кӯдакон, беҳтар намудани ҳифзи солимии аҳолӣ, мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таъмини устувории экологӣ ва инчунин  тавсеаи ҳамкории ҷаҳонӣ  бо мақсади рушдро муайян намуда буд».

Соли 2015  Ҳадафҳои Рушди Устувор барои то соли 2030 қабул гардид. Таъкид гардид, ки Парлумони Тоҷикистон ба Декларатсияи Ҳадафҳои Рушди Устувор эътибори ҷиддӣ дода, барои  амалӣ гардидани ҳадафҳои он бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад. Дар ин росто се сол пеш дар назди Маҷлиси намояндагон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд.
Зикр шуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ки ҷиҳати ба низом даровардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва риояи талаботи санадҳои қонунгузорӣ муфиду арзишманд ва ҷавобгӯи замон мебошанд.

Иштирокдорони конфронс аз як зумра марказу муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дидан намуданд.

Сентябрь 22, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд