«Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»- фестивали либосҳои миллӣ дар Хатлон
ДУШАНБЕ, 6.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»-ро дар маркази вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки занону духтарони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳадаф аз баргузории фестивал- арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳони ватанӣ мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, фестивал аз се бахш- бахши либосҳои расмӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси либоси миллӣ, бахши либосҳои миллӣ барои духтарону занони аз 20 то 50 сола ва бахши либоси миллии арӯсӣ иборат буд.
Дар фестивали мазкур бонувони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуда, беш аз 150 намуди либосҳои миллиро ба намоиш бароварданд.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






