ТО МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2018 – ҲАМАГӢ ЯК ҚАДАМ. Футболбозони навраси тоҷик дастаи мунтахаби Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуданд

Сентябрь 23, 2017 12:52

ДУШАНБЕ, 23.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби наврасони Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Пас аз ин пирӯзӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ як қадами дигар монд, то ки дар марҳилаи финали Чемпионати Осиё-2018 иштирок намояд. Дар вохӯрии дигари ҳамин гурӯҳ, дастаи мунтахаби наврасони Оммон ҳамсолони худ аз Сурияро бо ҳисоби калони 6:0 шикаст дод.

Дар бозӣ бар муқобили дастаи Малдив Рустам Соиров муаллифи «покер» (чор гол) ва Эмомалӣ Аҳмадхон муаллифи «хет-трик» (се гол) шуданд. Ҳамчунин Шарифбек Раҳматов ва Ислом Зоиров муаллифи «дубл» (ду гол) гардиданд. Як голии дигарро Шоҳрух Сангов ва Азизбек Ҳасанов ба ҳадаф расониданд. Як тӯби дигарро футболбози Малдив Аҳмад Нахил Иброҳим бо як иштибоҳ вориди дарвозаи худ намуд.

tajikistan-maldives3

Баъди ин бозӣ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Оммон бо касби 6 холӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвали мусобиқа ҷой доранд. Дастаҳои мунтахаби наврасони Малдив ва Сурия бошанд, баъд аз ду нокомӣ дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд, ки аллакай имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст додаанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 24 сентябр бо дастаи миллии Омон қувва месанҷад. Вохӯрии мазкур соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Барои ишғоли зинаи якум ва баромадан ба қисмати финалии Чемпионати Осиё-2018 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар муқобили дастаи мунтахаби Оммон мусовӣ ҳам кифоя мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи финали Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола аз 20 сентябр то 7 октябри соли оянда дар кишвари Малайзия баргузор мегардад. Аз миёни дастаҳои иштирокчии марҳилаи интихобӣ  ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойи  дуюмро ишғолнамуда имкон доранд, ки ба қисмати финалии Чемпионати Осиё роҳ ёбанд.

tajikistan-maldives5 tajikistan-maldives6

Сентябрь 23, 2017 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад