Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо вакили Парлумони Япония

Сентябрь 26, 2017 08:36

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ 22 сентябр бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония Китагава Томокатсу мулоқот доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози гуфтугӯ сатҳи баланди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Япония дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба дастгирии ташаббусҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ зикр гардид.

Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба масоили мубрами муносибатҳои  Тоҷикистону Япония мубодилаи афкор намуда, зарурати мувофиқа намудани созишномаҳои дуҷониба ва ба имзо расонидани онҳоро таъкид карданд.

Мусоҳибон инчунин тавсеаи мунтазами ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Японияро, қабл аз ҳама, дар доираи Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ муфид арзёбӣ карданд.

Сентябрь 26, 2017 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ