23 октябр-Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ. Ҷонваре, ки рамзи солимии баландкӯҳи Тоҷикистон аст

Октябрь 23, 2017 16:39

ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муддати 20 соли охир дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон бештар гардидани таъсири антропогенӣ ба экосистемаҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ ба назар мерасад. Яъне аз ҳад зиёд чаронидани чорво, шиддат гирифтани истифодаи заминҳои кӯҳӣ барои кишоварзӣ, сохтмони маҳалҳои нави аҳолинишин, васеъ гардидани деҳаҳои кӯҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳо, хатҳои нави барқгузар, афзудани эрозияи нишебиҳои кӯҳӣ боиси таназзул ва ба қитъаҳо ҷудошавии макони сукунати бабри барфӣ мегарданд. Ин матлабро зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ,  ки ҳамасола 23 октябр таҷлил мегардад, баён  дошт.

Бабри барфӣ (Pantera uncia)-даррандаи калонҷусса буда, ба оилаи гурбаҳо ва зероилаи бабрҳои барфӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи андоза ва намуди зоҳирӣ бабри барфӣ ба паланг (леопард) шабоҳат дорад. Дарозии баданаш ба 100-130 см ва думаш ба 92-105 см мерасад. Вазни модинаҳо 35-40 кг ва наринаҳо 45-55 кг-ро ташкил медиҳад. Мӯинаи дарози дорои табиати зич, думи дарози серпашм, панҷаҳои васеъ бо чанголҳои кӯтоҳ ва мушакҳои пурқуввати қафаси сина аломатҳое мебошанд, ки мутобиқшавии бабри барфиро барои зист дар шароити сарди иқлими баландкӯҳ ифода менамоянд.

Саидов-1 _2Бино ба маълумоти Абдусаттор Саидов, бабри барфӣ низ аз ҳайвонҳое мебошад, ки ба феҳрасти ҳайвонҳои нодир ворид гардида,  зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои аз 3000 то 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Онҳо дар марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ, нишебиҳои тезу дараҳои чуқур, харсангҳо ва сангтӯдаҳо сукунат менамоянд.

Мавзеъҳои сукунати бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар баландиҳои аз 2000 то 5200 м аз сатҳи баҳр дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Бадахшон ва Помир, ки қисми зиёди релефашонро харсангҳо ва нишебиҳои тез ташкил медиҳанд, ҷойгир шудаанд.

Олими тоҷик мегӯяд, ки алҳол оид ба шумораи бабри барфӣ дар Тоҷикистон маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Аз рӯи маълумоти Китоби сурхи Тоҷикистон то аввали солҳои 80-уми асри гузашта, шумораи бабри барфӣ  дар Тоҷикистон тақрибан 300 сарро ташкил медод. Коршиносон шумораи умумии бабри барфиро дар миқёси ҷаҳон аз 3500 то 6 000 сар баҳогузорӣ мекунанд. Пас, маълум мегардад, ки тахминан 10 % популятсияи ҷаҳонии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аст, яъне Тоҷикистон дар маркази паҳншавии бабри барфӣ қарор дорад.

Ба нақли Абдусаттор Саидов, бабри барфӣ одатан тарзи ҳаёти ҷудогона мегузаронад ва танҳо дар мавридҳои алоҳида гурӯҳҳои хурди иборат аз 6 сарро ташкил медиҳад. Шумораи наслаш аз 1 то 5 сарро ташкил дода, дар баландкӯҳҳои Осиё-Ҳимолой, Қароқурум, Ҳиндукуш, Помир, Тиён-Шон, Олтой, Саян ва Кунлун паҳн шудааст. Паҳншавии он ҳудуди 12 мамлакати дунё-Ҳиндустон, Бирма, Бутан, Непал, Чин, Муғулистон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россияро дар бар мегирад. Масоҳати воқеии паҳншавии он 3 млн. км мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон масоҳати паҳншавии он 85,7 ҳазор км мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди кишвар 9-10 қитъаи паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Помиру Олой ҷойгир шудааст. Бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди 20 қаторкӯҳ-Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри якум, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шохдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури ҷанубӣ ва шимолӣ, Вахон ва Паси Олой паҳн гардидааст. Барои ҳифзи бабри барфӣ ҳудуди Бадахшон ва Помир аҳамияти муҳимро молик мебошад, зеро 70% масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба ин минтақаҳо рост меояд.

Бино ба андешаи ҳамсуҳбат, саршумори ҳар як намуди дарранда ба манбаи ғизо вобастагӣ дорад. Яке аз ғизои асосии бабри барфӣ- ин бузи кӯҳӣ ё нахчир ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи шикори ғайриқонунӣ дар 50 соли охир шумораи нахчир дар Тоҷикистон 4 маротиба маҳдуд гардидааст, ки ин, албатта, ба шумораи бабри барфӣ таъсири калон мерасонад.

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чорводорон шикоят мекунанд, ки бабри барфӣ ба чорво дармеафтад. Сабаби инро А. Саидов дар зиддияти байни манфиатҳои чорводорон ва бабри барфӣ дида, зикр намуд, ки агар дар табиат сарчашмаи ғизо кам шавад, ҳайвоноти дарранда маҷбур мешаванд, ки ғизои иловагӣ ёбанд. Он зиддиятҳое, ки байни чорводорон ва бабри барфӣ ба вуҷуд меоянд, нишонаи он аст, ки дар экосистемаҳое, ки бабри барфӣ зиндагӣ мекунанд, вазъият хуб нест. Яъне ғизо кофӣ нест. Он нафароне, ки дар минтақаҳои сукунати бабри барфӣ зиндагӣ мекунанд, гумон мекунанд, ки бабри барфӣ даррандаи зараровар аст ва ӯро мавриди таъқиб қарор медиҳанд. Барои он ки ҳодисаҳои номатлуби дарафтидани бабри барфӣ ба чорво сурат нагиранд, оид ба сукунати бабри барфӣ ва тӯъмаҳои табиии он бояд ғамхорӣ зоҳир кунем, то шумораи тӯъмаҳои табиӣ афзун гардад.  Имрӯз на танҳо олимону мутахассисон, балки оммаи васеъ, алалхусус мардуме, ки дар масоҳати паҳншавии бабри барфӣ зиндагӣ мекунанд, бояд зарурати ҳифзи бабри барфиро дарк кунанд ва тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дар баробари ин олимони Академияи илмҳо вазифадоранд, ки маълумоти илмиро дар бораи бабри барфӣ, ҳолати популятсияи он ва саршумори он гирд оваранд ва ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод кунанд.

Омили дигар- ин тағйирёбии иқлим дар солҳои охир мебошад, зеро тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои кӯҳӣ таъсири амиқ дорад. Масалан, маҳдуд гардидани масоҳати пиряхҳо муҳити сукунати бабри барфиро дигар мекунад. Ин ба он оварда мерасонад, ки реҷаи намнокӣ дар экосистемаҳои табиӣ тағйир ёбад. Хушкшавии баъзе раванди аридизатсияи экосистема боиси маҳдуд гардидани захираҳои растаниҳо ва пӯшиши растанигӣ мегардад.  Ин, албатта, ба тӯъмаи бабри барфӣ таъсир мерасонад. Яъне маҳдудшавии захираи ғизоӣ боиси маҳдудшавии захираи саршумори бабри барфӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз соли 1968 расман манъ карда шудааст. Пӯсти бабри барфӣ пурқиммат буда, ба он талабот зиёд аст. Шикори ғайриқонунии бабри барфӣ маҳз ба ҳамин вобаста аст.

«Аз рӯи маълумоти пурсишӣ, ҳар сол дар Помир ба ҳисоби миёна 8-10 бабри барфӣ сайд карда мешаванд. Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ҳифзи бабри барфӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва пӯсти бабри барфиро аз аҳолии маҳаллӣ шаҳрвандони Қирғизистон харидорӣ намуда, ба мамлакатҳои дигар интиқол меиҳанд. Пӯсти бабри барфӣ дар Помир ба ҳисоби миёна 800-1000 доллари ИМА фурӯхта мешавад»,-иброз дошт А. Саидов.

Дар хотима ҳамсуҳбати мо таъкид кард, ки ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногуни биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти сатҳи моддии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Октябрь 23, 2017 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад